Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Ҳафтаи дарҳои кушод ҷамъбаст шуд
ДУШАНБЕ, 04.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар вилояти Суғд Ҳафтаи дарҳои кушод ҷамъбаст шуда, ғолибони олимпиада байни хатмкунандагон дар вазъияти тантанавӣ қадршиносӣ гардиданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеаи ин донишгоҳ хабар медиҳад.
Зимни Ҳафтаи дарҳои кушод хатмкунандагони шаҳру ноҳияҳои вилоят ба донишгоҳ омада, дастовардҳои устодону донишҷӯёнро тамошо ва дар дарсҳои намунавии устодон иштирок намуданд, бо шароиту имконияти Маркази таҳсилоти рақамии донишгоҳ ва дигар биноҳои таълимии ин муассисаи бонуфузи касбии олӣ шинос шуданд.
Дар маросими қадршиносии ғолибони олимпиада байни хатмкунандагон иброз гардид, ки мақсад аз ташкили Ҳафтаи дарҳои кушод ва олимпиада байни хатмкунандагон- ҷалби хатмкунандагон ба омӯзиши илму дониш ва ба касбомӯзӣ фаро гирифтани онҳо мебошад.
Дар Ҳафтаи дарҳои кушод, ки 26 феврал оғоз гардида, то 2 март идома ёфт, беш аз 10 000 хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ҳамроҳ бо омӯзгорон ба донишгоҳ омада, бо шароити таҳсил, имконияту ихтисосҳо аз наздик шинос шуданд. Дар олимпиада байни хатмкунандагон беш аз 7000 хатмкунанда тариқи онлайн ва офлайн иштирок намуданд.
Ёдовар мешавем, ки дар донишгоҳ шуруъ аз 20 январ то 20 феврал даври аввали интернет-олимпиадаи хатмкунандагон баргузор гардида, дар ин давра хоҳишмандон тариқи воридшавӣ ба сомонаи донишгоҳ донишашонро аз рӯи намунаҳои саволномаҳои Маркази миллии тестӣ барои дохил шудан ба донишгоҳ санҷиданд.
Ғолибони олимпиада бо туҳфаҳои арзишманд, аз қабили ноутбук, телевизор, планшет ва телефон қадршиносӣ шуданд.
Ҳамчунин дар маросими қадршиносӣ дар доираи Ҳафтаи дарҳои кушод ва олимпиада байни хатмкунандагон ба омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ Ифтихорнома, Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардиданд.
АКС: Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеаи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон








Барои рушди соҳаи маорифи ноҳияҳои водии Рашт дар 20 соли охир беш аз 2,1 миллиард сомонӣ равона шудааст
Бо иштироки 602 нафар довталаб даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Беш аз 200 нафар ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифтанд
Дар Филиали Донишгоҳи миллии тадқиқотии «Донишкадаи энергетикии Москва» дар шаҳри Душанбе озмоишгоҳи нав ба истифода дода шуд
Маркази миллии тестӣ давраи сеюми бақайдгирии довталабонро тамдид намуд
Имрӯз даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
Тоҷикистон натиҷаҳои аввалини PISA 2025-ро муаррифӣ мекунад
Байни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва MERI Centre for International Studies Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
МАОРИФ — САРМОЯИ МИЛЛАТ. Дар ҳошияи суханронии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи дониш
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба талаботи асри технология мутобиқ гардидааст
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Вестминстер Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






