Хатмкунандагони мактабҳои пойтахт бо ҷараёни таълим дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон шинос шуданд
ДУШАНБЕ, 01.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода Рӯзи дарҳои кушод баргузор гардид, ки дар он аз 26 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе бо мақсади шиносоӣ бо ихтисосҳои донишгоҳ беш аз ҳазор довталаб иштирок намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар доданд.
Нархномаи шартномаи таҳсил, табодули донишҷӯён бо макотиби олии хориҷӣ, таҳсил дар гурӯҳҳои буҷавӣ, омӯзиши иловагии забонҳои хориҷӣ, фаъолияти меҳнатӣ дар замони донишҷӯӣ, маблағи стипендия ва ғайра аз суолҳои меҳварии довталабон маҳсуб мешуданд.
Зимни суҳбат иброз гардид, ки дар айни замон дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон 40 ихтисос дар зинаи бакалавр амал менамояд.
Ҳамзамон гуфта шуд, ки дар ин донишгоҳ усулҳои муассир ва воситаҳои натиҷабахши омӯзиши забонҳои хориҷӣ амал менамоянд, ки дар муддати кӯтоҳ ҳар ҷавон ба осонӣ метавонад забон омӯзад. Дар ин кор синфхонаҳои лингафонию мултимедӣ, омӯзгорони соҳибзабон ва муҳити забонӣ мусоидат менамоянд.
Ба хатмкунандагон расонида шуд, ки дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон дар радифи ҷойҳои шартномавӣ теъдоди зиёди ҷойҳои буҷавӣ низ мавҷуд мебошанд. Бо вуҷуди мақоми хеле баланд доштану донишгоҳи байналмилалӣ будан нархномаи солонаи таҳсил дар ин ҷо нисбат ба дигар муассисаҳои олӣ пасттар аст.
Ҳамзамон таъкид гардид, ки дар донишгоҳ дастаи ҳунарӣ бо номи «Субҳи ҷавонии мо» амал мекунад, ки аз ҳисоби донишҷӯёни истеъдодманду соҳибҳунар созмон ёфтааст. Ҳайати ин даста на танҳо дар чорабиниҳои донишгоҳӣ, балки дар ҳамоишҳои фарҳангии шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ низ фаъолона иштирок менамояд.
Ҳамзамон довталабон оид ба дастрасӣ ба китобхонаҳои электронию анъанавӣ, марказҳои забономӯзӣ, даврҳои тайёрӣ, вазъи зиндагӣ дар хобгоҳ ва дигар ҷанбаҳои фаъолияти донишгоҳ пурсон шуданд.
АКС: Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе








ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – ПЕШВОИ ВАҲДАТОФАР! Ба қадри неъмати бебаҳо – Ваҳдати миллӣ бирасем
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори 150 кВт ба истифода дода шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба нақши Ваҳдати миллӣ дар ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамоиш баргузор шуд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маҷаллаи нави илмии байналмилалӣ «Дипломатияи тоҷик» таъсис ёфт
Ҷаласаи даҳуми вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир гардид
Дар шаҳри Душанбе масъалаи воридсозии зеҳни сунъӣ ба таҳсилоти умумӣ баррасӣ шуд
ХОНАНДАИ СОЛ. Мадина Саидализода ғолиби даври ҷумҳуриявии озмун гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Машварати байналмилалии «Забони чинӣ + малакаҳои касбӣ» иштирок намуданд
Дар ноҳияи Муъминобод фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ бештар мегардад
Дар Вазорати маориф ва илм бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши илмӣ-назариявӣ доир гардид
Маркази барномаҳои байналмилалӣ қабули ҳуҷҷатҳоро ба муассисаҳои ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғури Чин оғоз намуд
Рушди илму маориф дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Тоҷикистон мавқеи меҳварӣ дорад






