Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Пешвои миллии халқи туркман Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов дар барномаи фарҳангии ходимони санъати Тоҷикистон ва Туркманистон таҳти унвони «Шоми дӯстӣ» иштирок намуданд
ДУШАНБЕ, 04.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. 4 апрел дар доираи сафари расмии Пешвои миллии халқи туркман — Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори бошукуҳи «Кохи Борбад» барномаи фарҳангии ходимони санъати Тоҷикистон ва Туркманистон таҳти унвони «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид.