Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон бо ташкилоти байналмилалии соҳавӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
ДУШАНБЕ, 18.04.2024. /АМИТ «Ховар»/. Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода бо ноиби Президенти Олимпиадаи махсуси байналмилалӣ Марта Ҷо Брайчич ва директори калони Олимпиадаи махсуси Осиё ва Аврупо Круковский Кшиштоф вохӯрӣ намуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши ҷумҳурӣ.
Дар мулоқот таъкид карда шуд, ки Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушду густариши муносибатҳо бо ташкилоте, ки ба рушди соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш равона карда шудаанд, таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд.
Ҷонибҳо дар доираи дурнамои ҳамкорӣ доир ба ҷалби ҷавонону наврасони имконияти зеҳниашон маҳдуд ба намудҳои варзиши махсус ва сафарбар намудани онҳо ба олимпиадаҳои махсуси байналмилалии варзишӣ табодули афкор намуданд.
Ҳамзамон аз сатҳ ва муҳтавои муносибатҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ шуда, барои густариш ва таҳкими бештари муносибатҳои ҳамкорӣ изҳори умедворӣ карда шуд.
АКС: Маркази таҳлил ва иттилооти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар шаҳри Гулистон Форуми IV минтақавии ҷавонони ҳавзаи дарёи Сир – 2026 доир гардид
Дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон Рӯзи забони давлатӣ таҷлил гардид
Дар Кӯлоб барои тарбиятгирандагони мактаб-интернати №1 хобгоҳи нави замонавӣ ифтитоҳ гардид
Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Сахидод Раҳматуллозода: «Ташкили дарсҳои маҷозӣ барои омӯхтани забони давлатӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба манфиати кор мебошад»
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Гул, бӯй ва меваи дарахти санҷид фоидаовар аст
Ширкати «IRS» ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дидааст
ОИЛАИ СОЛИМ. Омодасозии фарзандон ба ҳаёти мустақилона масъалаи муҳим аст
Дар нимаи моҳи октябр дар Тоҷикистон пастшавӣ ва тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар аст
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Пеш аз сафар ба Федератсияи Русия чиро бояд донист?
ЗАБОН-РУКНИ МУҲИММИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвон ҳамоиш баргузор гардид
Институти астрофизика бо таҷҳизоти муосири астрономӣ таъмин гардид






