ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бозии дуюмашро анҷом дод

Апрель 20, 2024 09:45

ДУШАНБЕ, 20.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) оид ба футбол дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2024 дар Давҳа бозии дуюми худро анҷом дод.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, дастаи мунтахаби мо аз мунтахаби Ироқ бо ҳисоби 2:4 мағлуб шуд.

Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар нахустин бозӣ дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2024 аз ғолиби феълии Ҷоми Осиё тими Арабистони Саудӣ бо ҳисоби 2:4 шикаст хӯрд.

Акнун дар даври ниҳоии бозиҳои гурӯҳии мусобиқот рӯзи душанбеи 22 апрел дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон бо тими Тайланд бозӣ мекунад.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Апрель 20, 2024 09:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мусобиқаи футбол доир гардид
Мустафо, Абдулло ва Шарифҷон шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Муъминободро соҳиб шуданд
Дар ноҳияи Темурмалик Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) баргузор шуд
Дар Тоҷикистон Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор мегардад
Дар Истаравшан Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини юнонӣ-румӣ доир шуд
ҶОМИ ОСИЁ-2026. Дастаи наврасони Тоҷикистон дар даври чорякниҳоии мусобиқа бо дастаи Ҷопон бозӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тимҳои Австралия, Ироқ ва Сингапур бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Чин иштирок дорад
ФУТБОЛ. Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) ба Ҷоми ҷаҳон-2026 роҳ ёфт
Дар ноҳияи Темурмалик Мусобиқаи байналмилалии гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) баргузор мегардад
Соли 2024 Маҷмаи Умумии СММ пешниҳоди Тоҷикистон доир ба эълони Рӯзи ҷаҳонии футболро пазируфт
Ба муносибати Рӯзи телевизион, радио ва кормандони соҳаи алоқа мусобиқаҳои варзишӣ доир гардиданд

Маводҳои таҳлилӣ