РӮЙДОДИ ТАЪРИХӢ. Аввалин корвони мошинҳои боркаш аз Покистон ба Тоҷикистон омад
ДУШАНБЕ, 02.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Маротибаи аввал корвони мошинҳои боркаш аз Покистон ба Тоҷикистон расид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Тоҷикистон.
Дар терминали Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷиквнештранс» дар Душанбе ҳайати меҳмонон-Директори генералии Ширкати миллии логистикии (National Logistics Cell, NLC) Ҷумҳурии Исломии Покистон Фаррух Шаҳзод Рао, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Саид Сарварро ҳайати Вазорати нақлиёти Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим истиқбол гирифт.
Вазири нақлиёти Тоҷикистон таъкид намуд, ки вуруди нахустин корвони бор аз Покистон ба Тоҷикистон рӯйдоди таърихӣ ва натиҷаи Созишнома «Дар бораи тиҷорати транзитӣ» мебошад, ки 14 декабри соли 2022 зимни сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Покистон байни ҳукуматҳои ҳарду давлат ба имзо расидааст. Ин рӯйдод дар таърихи ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Покистон дар боркашонии байналмилалӣ саҳифаи нав боз менамояд.
Гуфта шуд, ки ин Созишнома ба рушди тиҷорат, аз ҷумла тавассути транзит аз ҳудуди давлатҳои аҳдкунанда, ҳамлу нақли байналмилалии бор бо истифода аз намудҳои гуногуни нақлиёт, зиёд намудани гардиши молу маҳсулот ва фароҳам овардани шароити мусоид барои воридоту содирот байни Тоҷикистон ва Покистон равона шудааст. Афзоиши ҳаҷми боркашонии байналмилалӣ ва истифодаи пурраи иқтидори транзитии мамлакат, ташкили ҳамлу нақли мултимодалӣ яке аз ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, татбиқи амалии ин санад барои расидан ба ин ҳадаф мусоидат менамояд.
Таъкид шуд, ки ин иқдом имконияти иловагиро барои баромадан ба бандарҳои баҳрии Карочӣ ва Гвадари Покистон таъмин намуда, бо истифода аз ҳамлу нақли мултимодалӣ ба пайвастшавӣ ба долони иқтисодии Чину Покистон, ки имконияти хуби рушди тиҷорат, транзит ва ҳамлу нақли борро байни ду давлат фароҳам меорад, мусоидат менамояд. Ин санад ба рушди тиҷорат, аз ҷумла тавассути транзит аз ҳудуди давлатҳои аҳдкунанда, ҳамлу нақли байналмилалии бор бо истифода аз намудҳои гуногуни нақлиёт, зиёд намудани гардиши молу маҳсулот ва фароҳам овардани шароити мусоид барои воридоту содирот байни Тоҷикистон ва Покистон равона шудааст.
Масофаи хатсайри автомобилӣ байни Душанбе ва Исломобод 1044 километрро ташкил намуда, долони мусоид барои баромодан ба бандарҳои баҳрӣ маҳсуб мешавад.
АКС: Вазорати нақлиёти Тоҷикистон








Фурӯши ғайриқонунии гиёҳҳои шифобахш пешгирӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Спитамен кишти зироат идома дорад
Дар бозори марказии Пенза барои фурӯши хушкмеваҳои Тоҷикистон гӯшаҳои махсус ҷудо карда шуданд
Дар Душанбе Фестивали «Саводнокии молиявӣ» баргузор гардид
Вазъи феълӣ ва дурнамои иқтисодиёти Тоҷикистон дар мулоқот бо ҳайати Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
«Саноатсодиротбонк» барои хизматрасонӣ ба занони соҳибкор сазовори ҷойи сеюм шуд
Сарбанди Деҳқонобод дар обёрии беш аз 40 ҳазор гектар заминҳои кишоварзии Ҳамадонӣ, Фархор ва Восеъ нақши муҳим дорад
Намояндаи SECO нишондиҳандаҳои мусбати бахши бонкии Тоҷикистонро баланд арзёбӣ намуд
Сарвазири Тоҷикистон бо фаъолияти ҶДММ «Парки нассоҷии шаҳри Кӯлоб» шинос гардид
Дар мулоқоти муовини якуми Сарвазири Тоҷикистон бо ҳайати ХБА масоили динамикаи нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ баррасӣ шуд
Таҳкими ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
РУШДИ ПАРАНДАПАРВАРӢ. Дар корхонаи «Тухми Соф»-и Истаравшан беш аз 80 ҳазор сар паранда парвариш карда мешавад






