РӮЗИ ИЛМИ ТОҶИК. Бахшида ба ин рӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор мешавад

Апрель 16, 2024 08:44

ДУШАНБЕ, 16.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи илми тоҷик аст. Дар мамлакати мо дар даврони истиқлоли давлатӣ илм ҷойгоҳи хосса касб намуда, дар сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат ва махсусан аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба илм ва кормандони илмӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад.

Президенти Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ 28 декабри соли 2023 иброз доштанд, ки «рушди сармояи инсонӣ омили калидии баланд бардоштани сатҳу сифат ва самаранокии соҳаҳои иҷтимоӣ, махсусан, маорифу тандурустӣ, илму инноватсия, инчунин, фаъолияти самараноки муассисаҳои илмӣ мебошад. Дар навбати худ, рушди илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад. Дастгирии таҳқиқоти илмӣ тавассути боло бурдани меъёри маблағгузории он, таъсиси марказҳои муосири илмӣ, озмоишгоҳҳо ва ба роҳ мондани ҳамкории муассисаҳои илмӣ бо истеҳсолот дар давраи минбаъда муҳим арзёбӣ мегардад».

-Хотирнишон менамоям, ки авзои зудтағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза низоми маорифи муназзам, мустаҳкам ва дар айни замон ҷавобгӯ ба талаботи рӯзафзуни ҷомеаро тақозо менамояд. Дар чунин шароит омода намудани кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ, боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим, эътибори ҷиддӣ додан ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар тамоми зинаҳои таҳсил, илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ вазифаи муҳимтарини роҳбарону масъулини соҳа ва аҳли маориф мебошад,-гуфтанд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Бояд гуфт, ки соли 2020 бо  Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» ба имзо расида буд. Соли соли чорум аст, ки дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» бо мақсади амалисозии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» баргузор мешавад.

Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо намудан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, ҳамчунин дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар ин самтҳо доир мешавад.

Илмҳои дақиқ, риёзӣ, табиатшиносӣ, техникӣ ва технологияҳои инноватсионӣ заминаи рушди устувори пешравии тамаддун буда, дар замони муосир яке аз самтҳои калидӣ ва қувваи бузурги истеҳсолкунанда ба ҳисоб мераванд.

Президенти мамлакат дар  вохӯрӣ бо олимони ҷумҳурӣ 18 марти соли 2020 иброз намуданд, ки «асри ХХI замони пешрафти бесобиқаи илм ва техникаву технологияҳои навин мебошад. Дар чунин шароит рушди минбаъдаи ҳар мамлакат ба дастгирӣ ва дар истеҳсолот ҷорӣ кардани дастовардҳои илмӣ вобаста аст. Вобаста ба ин мо дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ба сармояи инсонӣ диққати аввалиндараҷа додаем. Имрӯз бе илму инноватсия, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии техникӣ қадаме ба пеш гузошта намешавад. Мо дар доираи рушди илмҳои муосир саноатикунонии босуръати мамлакатро ҳадафи чоруми стратегии мамлакат эълон намудем.

Дар ин раванд мақсад дорем, ки истифодаи технологияҳои муосирро дар тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ густариш дода, тафаккури техникии аҳолӣ, дар навбати аввал, ҷавононро тақвият бахшем, барои пешрафти илмҳои бунёдӣ ва техникиву технологӣ фазои мусоид фароҳам оварем».

Олимони ҷумҳурӣ дар ҷавоб ба ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат кӯшиш доранд, ки дар рушди илм саҳми бештар гузоранд.

Дар семоҳаи якуми соли 2024 олимони соҳаи физика таҳқиқотро оид ба ҳосилшавии маводи  шишагӣ ва фазаи кристаллӣ дар системаи оксиди бор – оксиди висмут бо омехтаи элементҳои нодирзаминӣ гузарониданд. Бо усули рентгенофазавӣ фоизи ин фазаҳо муайян карда шуд. Таъсири омехтаи элементҳои нодирзаминӣ дар ин фазаҳо мушоҳида мешавад.

Бо усули моделсозии математикӣ захира намудани гармии Офтоб дар аккумуляторҳои заминӣ пешниҳод шуда, нишон дода шудааст, ки миқдори зарурии энергияи гармии офтобро дар аккумуляторҳои заминӣ барои тамоми сол,  барои оби гарм ва ҳам барои бо гармӣ таъмин намудани биноҳои истиқоматӣ ва маъмурӣ захира намудан мумкин аст.

Олимони Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ барои муайян намудани таркиби маъдан бист намунаро аз кони «Помири Шарқӣ» гирифта, аз он як намуна тайёр карданд. Аввалан, миқдори уран дар намуна бо усули анъанавии ҳаҷмӣ муайян карда шуда,  натиҷаи таҳлил нишон дод, ки маъдани кони «Помири Шарқӣ» ба ҳисоби миёна 0,025 фоизи массаи умумӣ уран дорад.

Барои муайян кардани таркиби химиявии ин маъдан асбоби спеткрометри рентгении флюоросенсӣ — SPECTROSCAN MAX-GVM истифода шуд. Натиҷаҳои таҳлили кимиёвӣ нишон доданд, ки қисми зиёди маъдан (зиёда аз 43%) карбонати калсий ва магний мебошад. Инчунин дар маъдан миқдори муайяни металлҳои нодирзаминӣ мавҷуд аст, ки метавон аз он ҷудо намуд.

Олимони Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нав имконияти истифодаи неругоҳҳои офтобии ба шабака пайваст, гибридӣ ва шинокунандаро ҳамчун гузариши инноватсионӣ ба такмили сохтори иқтидори тавлидкунандаи системаи энергетикии Тоҷикистон омӯхтанд. Дар натиҷа методологияи баҳодиҳии захираҳои техникии энергияи Офтоб дар сатҳи об дар обанборҳои гидроэнергетикӣ ва ирригатсионии Тоҷикистон таҳия карда шуд. Ҳамчунин дар пойгоҳи  «Ҳакимӣ» барои ба кор андохтани насоси обкаш  ба сифати истифода аз манбаи қувваи барқи дастгоҳҳои офтобии шинокунанда барномаи таҷрибавӣ тартиб дода шуд.

Олимони Маркази омӯзиши пиряхҳо дар минтақаҳои болооби дарёи Варзоб қабати барфиро барои  муайян намудани обнокӣ, баландӣ ва пешгӯии захираи барф муайян карданд. Мушоҳидаҳо нишон доданд, ки  баландии барф дар мавзеи Зиддӣ дар баландиҳои 1250-2700 м аз сатҳи баҳр то 205 см мерасад. Бориши соли 2024 охири  моҳи январ ва аввали моҳи феврал соли 2024 дар муқоиса ба ҳамин мавсими солҳо ба соли 2023 баробар аст ва захираи барф дар доманакӯҳҳо низ мисли соли гузашта мебошад.

Олимони соҳаи физиология ва генетикаи растанӣ барои муайян намудани самаранокии парвариши картошка ҳангоми кишти омехта бо дигар зироат ва истифода бурдани усулҳои анъанавию муосири парвариш дар ноҳияҳои Нуробод, Тоҷикобод ва Лахш таҳқиқот гузарониданд. Натиҷаҳо нишон доданд, ки нашъунамои хуби картошка ҳангоми кишти омехта бо зироати лӯбиёдонагӣ (лӯбиё), офтобпараст ва сафлор ба мушоҳида мерасад. Чунин усули кишти якҷоя барои ноҳияҳои баландкӯҳ хеле самаранок буда, барои минбаъд истифода бурдан тавсия карда мешавад.

Олимони Маркази инноватсионии биология ва тиб бо мақсади муайян намудани устуворӣ ва мутобиқшавии растаниҳои ғалладонагӣ ва лӯбиёдонагӣ (гандум, ҷав,  нахӯд, боқило, лӯбиёи сафеддона, мушунг ва мош) кишти омехтаи онҳоро анҷом доданд   Зироат айни замон дар марҳилаи инкишофёбӣ қарор дорад.

Барои мутобиқшавии навъҳо ба зимистонгузаронӣ ва омӯзиши хусусияти физиологию биохимиявии навъҳои гандуми мулоимдонаи «Алекс», «Бобо-80» ва «Туғрал-150» таҷрибаҳо дар шароити заминҳои баландкуҳи Сиёкӯҳ оғоз гардиданд. Дар айни замон навъҳо дар давраи панҷазанӣ қарор доранд.

Яке аз масъалаҳои асосӣ –ин тарбияи кадрҳои илмӣ, махсусан ҷалби ҷавонон ба илм мебошад. Бояд гуфт, ки феълан дар 22 муассисаи илмӣ-таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар курси якум ва дуюми зинаи магистратура 451 магистр аз рўи 42 ихтисос, дар зинаи докторантураи PhD, докторантура аз рўи ихтисоси 20 муассисаи илмӣ-тадқиқотӣ 282 докторанти PhD таҳсил менамоянд. Дар зинаи докторантураи анъанавии муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии Академия ҳоло 10 докторант таҳсил менамояд.

Бояд гуфт, ки илми тоҷик сол аз сол рушд ёфта, тавре Президенти мамлакат иброз доштанд, «мо тамоми захираву имкониятро ба рушди илму маориф равона кардаем ва ин корро минбаъд низ бо маром идома медиҳем».

Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар» 

АКС аз манбаъҳои боз

Апрель 16, 2024 08:44

Хабарҳои дигари ин бахш

«ҶОЗИБАИ ПЕШВО». Дар Қоҳира дар бораи Президенти Тоҷикистон китоб ба нашр расид
126 довталаб аз Душанбе ба даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» роҳхат гирифт
«ГАНҶИНАИ МЕРОС». Дар Душанбе нахустин маротиба Фестивал-намоиши либосҳои миллӣ доир гардид
Дар Душанбе Фестивал-намоиши либосҳои миллӣ доир мегардад
Олимони Институти астрофизикаи Тоҷикистон дар машварати ҷаҳонии COSPAR -2024 иштирок доранд
Фестивали ХIII байналмилалии мусиқии «Таронаҳои Шарқ» оғоз ёфт
Ҳайати Донишгоҳи улуми пизишкии Эрон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос гардид
Дар Суғд Фестивали вилоятӣ ва намоишу фурӯши атласу адрас баргузор мегардад
Байни Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанг ва иттилооти Қазоқистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ имзо гардид
Имрӯз ҳунармандони «Казакконсерт» дар Душанбе санъати миллии қазоқиро намоиш медиҳанд
Дар Хуҷанд консерти устодони санъати шаҳри Шимкент баргузор гардид
РӮДАКӢ ДАР ҚАЗОҚИСТОН, АБАЙ ДАР ТОҶИКИСТОН. Гузоштани нимпайкараи ин фарзандони барӯманди ду халқ нишони дӯстии қадимии тоҷику қазоқ аст