«ДУШАНБЕ — ШАҲРИ ҲУШМАНД». «Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонон оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 20.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Маркази ЭКСПО-и шаҳри Душанбе таҳти унвони «Душанбе — шаҳри ҳушманд» «Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе» ифтитоҳ гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Ҳамзамон намоиши дастовардҳои илмиву инноватсионӣ ва техникиву технологии муассисаҳои инноватсиониву технологӣ, илмиву таълимӣ, ширкатҳои бахши IT -и ҳудуди шаҳри Душанбе баргузор гардид. Дар он беш аз 40 идораву ташкилот зиёда аз 200 номгӯй лоиҳаву маҳсулотро пешниҳод намуданд.
Яке аз иштирокдорони намоиш- директори Маркази таълимии роботсозии «Robx» иброз дошт, ки барои кӯдакону наврасон дарсҳои омӯзишии гуногун доранд. «Дар маркази мо кӯдакон метавонанд аз 5- солагӣ ба сохтани барномаҳои гуногун, сомонаҳои интернетӣ ва роботсозӣ машғул шаванд. Зеро таҷриба нишон медиҳад, ки аз худ кардан ва истифодаи самараноки технологияи муосир моро ба ҷаҳони муосир наздик намуда, сифати корро беҳтар мегардонад», -гуфт директори марказ.
Таъкид намуд, ки баргузории намоишгоҳ омили муҳими бедор намудани ангезаву шавқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ арзёбӣ гардид.



Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонон бо ташаббуси Раиси шаҳри Душанбе бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсил, рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, бедор намудани шавқу рағбати хонандагон ба эҷодкорӣ, омӯзиши амиқи илмҳои дақиқ ва риёзӣ, инчунин дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар байни хонандагону омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе баргузор карда мешавад.
Гуфта шуд, ки ҷавонону наврасоне, ки ба техникаву технологияи муосир ва ихтироъкориву навоварӣ шавқу рағбат доранд, метавонанд дар чорабиниҳои ҳафта иштирок кунанд.
Давоми ҳафта озмунҳои гуногун доир ба технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар байни хонандагон ва омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе гузаронида мешавад.
Дар доираи ҳафта баргузории якчанд чорабинӣ дар назар аст. Аз ҷумла, дарси маҳорат, Форуми наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе оид ба технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ, Конференсияи илмӣ оид ба «Зеҳни сунъӣ ва омӯзиши он дар муассисаҳои таълимӣ», озмуни «Омӯзгори муосир», «Беҳтарин кабинети фанни технологияи иттилоотӣ» гузаронида мешаванд.
Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе» то 24 май идома ёфта, ғолибон бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ мешаванд.
Зарангези ЛАТИФ,
Зоирҷони ТОИРЗОД (АКС),
АМИТ «Ховар»























Дар Душанбе даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» баргузор шуд
СОКИНИ ПОЙТАХТ БУДАН ИФТИХОР АСТ! Имрӯз Душанбе гаҳвораи тамаддуни миллати тоҷик гардидааст
Душанбе бо зебоӣ ва тароваташ байни сокинон ва сайёҳон ҳамчун «шаҳри гулҳо» маъруф аст
РӮЗИ ПОЙТАХТ. Душанбе маркази ташаккул ва рушди кластерҳои инноватсионӣ мебошад
ДУШАНБЕ — ШАҲРИ СУЛҲУ СУБОТ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи пойтахт
Фарҳод Раҳимӣ: «Рушди шаҳри Душанбе дар замони муосир ва нақши Раиси шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаклгирии фазои иҷтимоӣ ва маънавӣ»
ЧУ ДИЛ ДАР СИНААМ ҶОӢ, ДУШАНБЕ… Симои пойтахти Тоҷикистон ба таври шинохтанашаванда дигаргун шудааст
ДУШАНБЕ — ШАҲРИ «САБЗ». Дар пойтахт давоми 9 соли охир зиёда аз 130 миллион дона гули мавсимию бисёрсола шинонида шудааст
НАҚШИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР ТАШАККУЛИ СИМОИ НАВИ ПОЙТАХТИ ТОҶИКИСТОН. Ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад
Пагоҳ дар Душанбе ниммарафони XVI байналмилалӣ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ — ШАҲРИ ҲУШМАНД ВА БЕХАТАР. Ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад
Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе таҷлил мегардад






