«МО, ҶАВОНОН НАСЛИ ХУШБАХТИ ТОҶИКИСТОНЕМ». Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ҳамоиш доир мешавад

Май 15, 2024 15:39

ДУШАНБЕ, 15.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон 20 май дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ барномаи идонаи фарҳангии «Мо, ҷавонон насли хушбахти Тоҷикистонем» баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи кор бо ҷавонони ин донишгоҳ хабар доданд.

Дар ҳамоиш ғолибони озмунҳои донишгоҳӣ ва ҷавонони фаъол дар вазъияти тантанавӣ қадрдонӣ шуда, ҳамзамон аз ҷониби дастаи ҳунарии донишгоҳ ва ҷавонони боистеъдоди он барномаи рангини ҳунарӣ, иборат аз рақсу суруд ва қироати шеъру дубайтӣ дар васфи ҷавонӣ пешкаш карда мешавад.

Инчунин бахшида ба Рӯзи ҷавонон дар мавзуи «Нақши ҷавонон дар таҳкими сулҳу суботи Тоҷикистон» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардида, ғолибони мусобиқаҳоии варзишӣ ва ҷавонони фаъоли донишгоҳ қадрдонӣ мешаванд.

Бояд гуфт, ки имрӯз нақш ва иштироки ҷавонон дар сиёсат, рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ  баръало эҳсос гардида, дар баробари ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ сиёсати давлатии ҷавонон самти афзалиятноки фаъолияти Ҳукумат муқаррар гардидааст.

Аз оғози ба даст овардани соҳибистиқлолӣ масъалаи ҷавонон дар маркази диққати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  қарор гирифта, соли 1992 Қонуни Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» ба тасвиб расид.

Таваҷҷуҳу ғамхориҳои Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин қишри ҷомеа беназир аст. Тавре дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 28 декабри соли 2023 омадааст, «ғамхорӣ нисбат ба ҷавонон, ҳалли мушкилоти онҳо ва истифодаи дурусти ин захираи стратегии миллӣ барои пешрафту ободии Ватан ва таъмини амнияту суботи ҷомеа яке аз афзалияти асосии Ҳукумати мамлакат ба шумор меравад, зеро шумораи бештари аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд».

Ҳамзамон бо мақсади дастгирии ҷавонон «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022 – 2026» ва «Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023 – 2027» қабул гардид, ки ҳадафи он баланд бардоштани ҳувият ва худшиносии ҷавонон аст.

Ёдовар мешавем, ки 23 майи  соли  1997  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷавони Тоҷикистон мулоқот намуда, фармон  «Оид ба баъзе масъалаҳои беҳтар кардани кор бо ҷавонон»-ро ба имзо расониданд. Маҳз ҳамин рӯзи таърихӣ сабаб шуд, ки  23 май Рӯзи ҷавонон эълон гардад.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Май 15, 2024 15:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Хонандаи тоҷик дар Озмуни байналмилалии эҷодиёти кӯдакону наврасон сазовори Шоҳҷоиза гардид
Дар Хатлон 21 иншооти таълимӣ ба истифода дода шуд
Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти асосии довталабонро 25 июл эълон мекунад
13 июл даври дуюми имтиҳонҳо – қисмҳои А ва Б барои довталабони ҳамаи гурӯҳҳои ихтисосҳо баргузор мешавад
Дар шаҳри Душанбе барои хонандагон 210 муассисаи таълимӣ фаъолият менамояд
150 нафар фарзандони омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб таътили тобистонаро дар истироҳатгоҳи «Истиқлол» мегузаронанд
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии «Архимед» сазовори 63 медал гардиданд
Маркази миллии тестӣ даври иловагии имтиҳонҳоро доир менамояд
Байни Вазорати маориф ва илм ва Идораи маорифи шаҳри Сежонги Ҷумҳурии Корея Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Хонандаи шаҳри Душанбе дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шоҳмот сазовори ҷойи якум гардид
Дар Тоҷикистон беш аз 18 ҳазор нафар забони олмониро меомӯзанд
Дар назди муассисаҳои таълимии ноҳияи Ванҷ синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуд