Оҳангсоз аз Эрон: «Шашмақомсароёни тоҷик хеле садои дилнишину оромбахш дошта, дар фосилаҳои садоии созҳои ин жанр бартарӣ доранд»

Май 15, 2024 10:17

ДУШАНБЕ, 15.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, аз 12 то 14 май дар Тоҷикистон бо иштироки олимони санъатшинос ва ҳунармандон аз давлатҳои Тоҷикистон, Озарбойҷон, Туркманистон ва Эрон Фестивал-симпозиуми байналмилалии «Шашмақом» баргузор гардид.

Яке аз иштирокчиёни ин фестивал- сарпараст ва оҳангсози гурӯҳи мусиқии «Ҳаннонӣ» аз Эрон Комрони Ҳимматпур мебошад. Ӯ иброз дошт, ки шоҳиди он гардидааст, ки шашмақомсароёни тоҷик хеле садои дилнишину оромбахш дошта, дар фосилаҳои садоии созҳои ин жанр бартарӣ доранд. «Баъзан барои иҷрои як бахши кӯчаки дарунӣ як ҳунарманд то сӣ дақиқа бе танаффус овоз мехонад», -гуфт ӯ.

Оҳангсоз аз Эрон баён дошт, ки шашмақом фақат навохтану хондани одӣ нест,  он аз парда — танбӯр ва усул — доира иборат аст. «Тавре огоҳ гаштем, дар Тоҷикистон он аз шаш мақом: «Бузург», «Рост», «Наво», «Дугоҳ», «Сегоҳ» ва «Ироқ» иборат буда, дар пардаҳои дастаҳои танбӯр эҷод шудааст. Сарояндагони тоҷик онро моҳирона иҷро мекунанд, ки ба андешаи ман, ҳунармандони тоҷике, ки аз пардаю усули ин жанр бохабар ҳастанд, инсони хушбахт ба ҳисоб мераванд», -гуфт ӯ.

Мавсуф иброз дошт, ки  шашмақомсароёни тоҷик ба мазмуни матну оҳанг диққати ҷиддӣ медиҳанд ва ба он ворид мешаванд, то   дар сурати иҷро ва интихоби дуруст эъҷози ин мусиқии арширо бозтоб диҳанд. «Тавре шоҳид шудем, матни сурудҳои шашмақом аз осори шуарои классик- аз Рӯдакӣ гирифта то Нақибхон Туғрал гулчин шудааст» -мегӯяд ӯ.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, дар Эрон ин мусиқиро дастгоҳ ном мебаранд, ки аз 5 овози фаръӣ ва чанд дастгоҳ иборат аст: «Шур», «Моҳур», «Ростпандгоҳ, «Сегоҳ», «Чаҳоргоҳ» ва «Наво».

Шашмақом мусиқии анъанавии мардуми тоҷик буда, таърихи қадимӣ ва ғанӣ дорад. Онро ганҷинаи бебаҳои миллат, шоҳасари мусиқии суннатии халқи тоҷик ном мебаранд. Ҳар нафаре, ки ба ин шоҳасар рӯй меорад, ба худ дунёи пур аз маърифату маънӣ мегирад. Ба андешаи сарояндагони ин санъат, «шашмақом нутқи ҳунармандро бурро намуда, маънавиёти ӯро бою ғанӣ мегардонад».

Шашмақом, ки яке аз мусиқиҳои қадимӣ ба ҳисоб меравад, дар миқёси байналмилалӣ нуфузу эътибори хоссаро доро гардидааст.  7 ноябри соли 2003 бахши фарҳангии Созмони Милали Муттаҳид — ЮНЕСКО Шашмақомро шоҳкории бузурги мусиқии ҷаҳонӣ ва ёдгори маънавии инсоният эълон намуд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба  рушду нумӯ ва пешбурди минбаъдаи фарҳанги миллӣ, шинос намудани ҷаҳониён бо дастовардҳои фарҳангии халқи тоҷик, инкишофи санъати анъанавии миллӣ, равияҳои мухталифи ҳунарҳои мардумӣ, инкишофи бонизоми соҳаи фарҳанг, боло бурдани фарҳанги ҷомеа, эҳтиром ба арзишҳои милливу фарҳангӣ ва тарбияи кадрҳои соҳа таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд

Имрӯз муассисаҳои фарҳангии мамлакат, аз ҷумла Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ва Консерваторияи миллии Тоҷикистон дар тарбияи сарояндагони касбии ҷавон ва эҳё намудани мусиқии суннатии шашмақом саҳми назаррас доранд.

Ин мероси мусиқии  суннатии  тоҷик давоми солҳои зиёд чун асари силсилавии шаклан мураккаб, вале дорои хусусияти касбӣ рушду мукаммал гардида, аз насл ба насл ба таври шифоҳӣ дар шакли анъанаи зинда – тавассути   низоми суннатии «устоду шогирд» интиқол ёфтааст. Имрӯз ҳифз кардану таъмин намудани рушди минбаъдаи он вазифаи на танҳо давлат, балки қарзи виҷдониву инсонии ҳар фарди соҳибфарҳанги мамлакат мебошад.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 15, 2024 10:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон баргузор мегарданд
Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ба аҳли илм руҳияи тоза бахшид
«Куллиёт»-и осори Мирзо Турсунзода рӯнамоӣ гардид
Ба шаҳри Панҷакент Шаҳодатномаи Шаҳри байналмилалии ҳунармандӣ дода шуд
«ТУ ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОНӢ, ДУШАНБЕ!» Дар пойтахт озмуни шаҳрӣ идома дорад
«ФАРҲАНГИ СУМАНАКПАЗӢ». Ин таоми миллӣ хусусияти табобатӣ низ дорад
Сокинони ноҳияи Ҷаббор Расулов соҳиби туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ мегарданд
«ДАР ҲУНАР КӮШ, КИ ЗАР ЧИЗЕ НЕСТ…». Фаъолияти Аспармо Мавлоназарова барои рушди ҳунарҳои миллӣ намунаи ибрати ҷавонон аст
Дар Душанбе дар мавзуи Куруши Кабир ва Эъломияи умумии ҳуқуқи башар ҳамоиш доир гардид
Туҳфаи Президенти Тоҷикистон — «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ба ноҳияи Мастчоҳ расид
ҲИФЗИ МЕРОСИ МИЛЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Тавассути сиёсати хирадмандона имрӯз ҷаҳониён бо таъриху фарҳанги миллати мо шинос мешаванд
Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бо «Россотрудничество» ҳамкориро густариш медиҳад