Байни Тоҷикистон ва Беларус дар соҳаи ҳифзи муҳити зист Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

Июнь 12, 2024 15:37

ДУШАНБЕ, 12.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазорати захираҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зисти Ҷумҳурии Беларус Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва рушди устувор ба имзо расонид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Ёдддошти тафоҳум 11 июн дар доираи Конфронси 3-юми сатҳи баланд оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» зимни вохӯрии Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода бо Вазири захираҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зисти Беларус Сергей Масляк ба имзо расонида шуд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкорӣ оид ба ҷорӣ намудани принсипҳои иқтисодиёти «сабз», идоракунии партовҳо, коҳиш додани истифодаи ашёи пластикӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба ҳифзи муҳити зист баррасӣ гардиданд. Ҷонибҳо оид ба таҷрибаи худ дар самти ҳифзи намудҳои ҳайвонот ва растаниҳои нодир мубодилаи афкор намуданд.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 12, 2024 15:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон ҷамъоварии ангур оғоз гардид
Тоҷикистон ва Латвия ҳамкориро дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ густариш медиҳанд
Ҳабибулло Назарзода дар ҷаласаи директорони генералии авиатсияи граждании минтақаҳои ИКАО иштирок намуд
Самтҳои афзалиятноки ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Агентии рейтингии байналмилалии «Moody’s» муҳокима шуд
Пагоҳ маҷлиси умумии солонаи саҳмдорони ҶСК «Неругоҳи барқи обии Роғун» доир мегардад
Муовини якуми Сарвазири Тоҷикистон бо Атташеи минтақавии Британияи Кабир оид ба таҳримҳо мулоқот намуд
Дар Хуҷанд Намоишгоҳи байналмилалии савдо ва сармоягузории «СУҒД-2026» баргузор мешавад
Тоҷикистон ва ICAT дар доираи COP31 лоиҳаи муштаракро таҳия менамоянд
Соли 2027 дар Душанбе Форуми ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ИМА дар қолаби «С5+1» баргузор мегардад
Дар Аврупо низоми нави вуруд/хуруҷ ҷорӣ гардид
Дар Бонн иҷлосияи 64-уми мақомоти ёрирасони Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим оғоз шуд
Масоили ҷалби сармоягузориҳо ба иқтисодиёти Тоҷикистон дар Латвия баррасӣ шуд