Масъалаи зиёд намудани парвозҳои транзитӣ бо истифода аз роҳи ҳавоии мустақими байни Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид

Июнь 19, 2024 20:10

ДУШАНБЕ, 19.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои марбут ба зиёд намудани парвозҳои транзитӣ бо истифода аз роҳи ҳавоии мустақими байни Тоҷикистон ва Чин дар мулоқоти муовини якуми директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии (КВД) «Тоҷикаэронавигатсия» Даврон Шодмонбекзода бо директори CANSO Саймон Хоккар ва муовини директори Саридораи фурудгоҳҳои давлатии Ҷумҳурии Туркия Ҷенгиз Пашаоғлу дар Боку баррасӣ гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба КВД «Тоҷикаэронавигатсия».

Мулоқот дар доираи Саммити ҷаҳонии идоракунии ҳаракати ҳавоии CANSO-2024 (CANSO Global ATM Summit 2024) баргузор гардид.

Инчунин Даврон Шодмонбекзода бо директори генералӣ ва раиси Шурои иҷроияи назорати ҳаракати ҳавоии Ҳоланд Мишел ван Дорст вохӯрӣ намуд. Мишел ван Дорст КВД «Тоҷикаэронавигатсия»- ро бо шомил гардидан ба CANSO табрик намуд. Номбурда оид ба саҳми КВД «Тоҷикаэронавигатсия» дар таъмини бехатарии парвозҳо дар фазои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон зиёд гардидани ҳаракати ҳавоӣ ибрози назар ва саҳми корхонаро дар таъмини хизматрасонии аэронавигатсионӣ дар минтақа муҳим арзёбӣ намуд.

Ёдовар мешавем, ки Саммити «CANSO Global ATM Summit 2024» намояндагон ва роҳбарони корхонаҳои аэронавигатсионӣ ва истеҳсолкунандагони таҷҳизоти хизматрасонии аэронавигатсиониро аз 42 давлати олам бо ҳам оварда, зиёда аз 70 нафар мутахассис масоили устувории муҳити зист, бахусус мубориза бо тағйирёбии иқлим, коҳиши партовҳои карбон, ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ дар идоракунии ҳаракати ҳавоӣ ва такмили раванди идоракунии ҳаракати ҳавоӣ бо ҳадафи ноил шудан ба парвозҳои аз ҷиҳати экологӣ тозаро баррасӣ намуданд.

Саммит бо ибтикори ниҳоди Идоракунии ҳаракати ҳавоии «Азераэронавигатсия» (AZANS)-и ширкати Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Azerbaijan Airlines» дар ҳамокорӣ бо Ташкилоти хизматрасониҳои аэронавигатсионии гражданӣ (CANSO) гузаронида шуд.

АКС: Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия»

 

Июнь 19, 2024 20:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд