ТАВАҶҶУҲ! Мақомоти милитсияи Душанбе огоҳ месозад: « Ба ҳар гуна зангҳои афроди ношинос ва хабарҳои бардурӯғи онҳо бовар накунед»
ДУШАНБЕ, 19.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Кормандони мақомоти милитсияи пойтахт дар натиҷаи амалисозии як қатор чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ муайян намуданд, ки аз хориҷи мамлакат як гурӯҳи муташаккили ҷинояткорони интернетӣ ба мардумфиребӣ машғул буда, бо истифода аз имкониятҳои технологияи навин рақамҳои телефони мобилии шаҳрвандонро дастрас намуда, бо онҳо дар тамос шуда, дар хусуси ба садама ва дигар фоҷиа гирифтор шудани фарзандонашон хабарҳои бардурӯғ мерасонидаанд. Бо истифода аз таъсиррасонии равонӣ ба боварии шаҳрвандон даромада, аз онҳо гӯё барои табобати фарзандонашон маблағҳои калони пулӣ талаб кардаанд. Се нафар ҳаммаслакони ин ҷинояткорон дар шаҳри Душанбе дастгир карда шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе.
Тибқи иттилои манбаъ, давоми чанд рӯзи охир як зумра шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мардумфиребии афроди ношинос ба мақомоти милитсия муроҷиат намудаанд, ки аз рӯйи шаклу усули содиршавӣ, ҳамаи онҳо яксон мебошанд.
Зимни пешбурди коркардҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ошкор карда шуд, ки ин гурӯҳи муташаккили ҷинояткорони интернетӣ барои амалигардонии мақсадҳои ҷиноятиашон аз ҳисоби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон нафарони алоҳидаро ба худ ҷалб намуда, барои интиқол додани маблағҳои пулӣ онҳоро вазифадор намудаанд.
Аз ҷумла, шаҳрвандон Мамараимов Фарҳод Ҳасанович, санаи таваллудаш 21.03.1992, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи А.Лоҳутӣ ва Шарофиддинов Рустам Маруфович, санаи таваллудаш 21.04.1991, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Наврӯз дастгир карда шуданд, ки онҳо тавассути саҳифаи иҷтимоии «Телеграмм» бо ин гурӯҳи ҷиноятӣ дар тамос шуда, ба ҳайси интиқолдиҳанда ба истилоҳ «курер» ба онҳо ёрӣ расонидаанд. Номбурдагон аз се шаҳрванд беш аз 40 ҳазор долларро қабул намуда, тавассути ҳамёни электронӣ ба хориҷи мамлакат интиқол додаанд.
Ҳамчунин аз ҷониби кормандони милитсия Акобирова Амина Изатшоевна, санаи таваллудаш 30.11.2001, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Қабодиён дастгир карда шуд. Ӯ низ дар се ҳолат аз ҷабрдидагон, дар умум зиёда аз 22 ҳазор долларро гирифта, тавассути хизматрасониҳои бонкӣ маблағҳоро ба хориҷи мамлакат фиристодааст.
Бо назардошти ҳолатҳои мазкур Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе шаҳрвандонро огоҳ месозад, ки ба ҳар гуна зангҳои афроди ношинос ва хабарҳои бардурӯғи онҳо бовар накунанд. Агар бо чунин шакл мавриди фиреби ин гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ қарор гирифтаанд, ба мақомоти милитсия муроҷиат намоянд.
АКС: Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе








Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад
Дар Душанбе корхонаи ғайриқонунии истеҳсоли доруворӣ ошкор гардид
Натиҷаҳои даъвати шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҷамъбаст гардиданд
ФАРЗАНДОНИ ХУДРО БЕНАЗОРАТ НАГУЗОРЕД! Ҳангоми шиноварӣ қоидаҳои бехатариро бояд риоя намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи вазирони корҳои дохилии давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Тоҷикистон ва Эрон ҳамкориро дар самти мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ тақвият мебахшанд
Эмомалӣ Собирзода дар ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок кард
РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ НАЗОРАТИ МАВОДИ НАШЪАОВАР. Ба ин муносибат ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид
Таҳти унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар рушди Қувваҳои Мусаллаҳ» конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-ҳарбӣ доир шуд
Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон: «Таътили тобистона бояд ба давраи тарбия, донишандӯзӣ ва истироҳати солим табдил ёбад»
Юсуф Раҳмон дар Форуми байналмилалии амният ва Вохӯрии байналмилалии намояндагони воломақом иштирок намуд
РӮЗИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ. Афсарону сарбозони ин ниҳод рисолати фарзандии худро дар назди Ватан – Модар ва халқу давлат бо сарбаландӣ адо менамоянд






