Дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид нишасти Гурӯҳи дӯстони пиряхҳо баргузор гардид

Июль 25, 2024 18:14

ДУШАНБЕ, 25.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид таҳти ҳамраисии намояндагиҳои доимии Тоҷикистону Аргентина дар Созмони Милали Муттаҳид нишасти навбатии Гурӯҳи дӯстони пиряхҳо баргузор гардид, ки дар он раиси Кумитаи ҳафзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода иштирок намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳафзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Гурӯҳи мазкур соли гузашта бо ибтикори Тоҷикистону Аргентина бо мақсади татбиқи ваколатҳои Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълон намудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфт, таъсис дода шудааст.

Дар нишасти навбатии Гурӯҳи дӯстони пиряхҳо Баҳодур Шерализода роҷеъ ба ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар самти обу иқлим, бахусус аҳамияти ҳифзи пиряхҳо ва таъсири манфии обшавии босуръати онҳо ба муҳити зист, инчунин конфронси байналмилалии оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки соли 2025 дар Душанбе баргузор мегардад, маълумот пешниҳод намуд.

Баҳодур Шерализода афзуд, ки обшавии босуръати пиряхҳо, ки яке аз манбаъҳои асосии оби ошомиданӣ мебошанд, таваҷҷуҳи фаврии ҷомеаи ҷаҳониро тақозо менамояд.

Гуфта шуд, ки Тоҷикистон, яке аз аввалинҳо шуда, барои фаъолсозии «Фонди байналмилалии мақсаднок оид ба ҳифзи пиряхҳо», ки дар асоси Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид таъсис дода шудааст, саҳми молиявии худро гузошт. Бинобар ин, аз давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ даъват ба амал оварда шуд, ки саҳми молиявии худро ба фонди мазкур гузоранд.

Ҳамзамон пешниҳод гардид, ки дар Душанбе маркази минтақавии пиряхшиносӣ бунёд ва дар ҳудуди Тоҷикистон бо мақсади таҳлили вазъияти пиряхҳои мавҷуда экспедитсияҳои муштараки илмии сатҳи байналмилалӣ гузаронида шавад. Аз иштирокдорони нишаст барои иштирок дар конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки соли 2025 дар Душанбе баргузор мегардад, даъват  шуд.

Иштирокдорони  нишаст аз нақши боризи Тоҷикистон дар пешбарии масъалаҳо оид ба ҳифзи пиряхҳо ибрози назар намуда,  омодагии худро барои дастгирии Тоҷикистон ва ташаббусҳои марбут ба пиряхҳо баён намуданд.

 

АКС: Кумитаи ҳафзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 25, 2024 18:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Москва ҷаласаи 109-уми Шурои иқтисодии ИДМ баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Тотористон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии парки технологии «ИСКРА-ВОЛГА» шинос шуд
Байни «Шабакаҳои интиқоли барқ»-и Тоҷикистон ва «Маркази илмӣ-техникии системаи ягонаи энергетикӣ»-и Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Рустам Минниханов: «Барои рушди ҳамкории бисёрҷониба байни Тоҷикистон ва Тотористон имконоти фаровон мавҷуданд»
Дар Қазон ҷаласаи 68-уми Шурои электроэнергетикии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
«GEOSCIENCE & EXPLORATION CENTRAL ASIA». Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии геологӣ иштирок намуд
Сармоягузорони Чин бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии МОИ «Данғара» шинос шуданд
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии электроэнергетикии Қазон – «ЭНЕРГОПРОМ» иштирок намуд
«Shohin Airlines» ҳавопаймои нави L410 NG харидорӣ менамояд
Вазири энергетикаи Тоҷикистон бо истеҳсоли таҷҳизоти турбинаҳои газии гурӯҳи ширкатҳои «АМКОР»-и Тотористон шинос шуд
Доир ба мушкилоти тағйирёбии иқлим, сабабҳо, пайомад ва усулҳои мутобиқшавӣ ба он китоб ба нашр расид
Дурнамои рушди ҳамкории гумрукӣ байни Тоҷикистон ва Корея баррасӣ гардид