Фаъолияти назарраси Донишкадаи Конфутсий дар Тоҷикистон шаҳодати сатҳи баланди ҳамкории ду мамлакат дар соҳаи илму фарҳанг мебошад
ДУШАНБЕ, 08.07.2024. /АМИТ «Ховар»/. 7 июл ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Эмомалӣ Насриддинзода дар ҳамоиши илмӣ таҳти унвони «Донишкадаи Конфутсий ва омӯзиши мутақобилаи тамаддунҳо», ки ба истиқболи 20-солагии таъсиси Донишкадаи Конфутсийи назди Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон доир гардид, иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хабар доданд.
Эмомалӣ Насриддинзода атрофи муносибатҳои Тоҷикистону Чин изҳори назар намуда, бо «Ордени Дӯстӣ»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин сарфароз гардидани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро аз ҷониби Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин, ки зимни сафари давлатӣ ба Тоҷикистон ба вуқуъ пайваст, рамзи дӯстии нек ва бародарӣ арзёбӣ намуд.
Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон изҳор дошт, ки таъсис ва фаъолияти назарраси Донишкадаи Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон шаҳодати сатҳи баланди ҳамкории Тоҷикистону Чин дар соҳаи илму фарҳанг мебошад.
Ҳамзамон таъкид гардид, ки Донишкадаи Конфутсий дар баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ, озмунҳо ва фестивалҳо фаъолона иштирок намуда, бо ин васила дӯстии байни мардумони ду ҷумҳуриро таҳким мебахшад.
Дар охир Ректори Донишгоҳи миллӣ гуфт, ки ҳамчун муассисаи таълимии пешоҳанги минтақавӣ Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар татбиқи сиёсати морифпарваронаи Пешвои миллат пешгом буда, ҷиҳати тақвият бахшидан ба рушди ҳамкории таҳсилотӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва тарбиявӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷӣ, алалхусус бо донишгоҳҳои Чин ва Осиёи Марказӣ омода мебошад.
АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон








Дар Филиали Донишгоҳи миллии тадқиқотии «Донишкадаи энергетикии Москва» дар шаҳри Душанбе озмоишгоҳи нав ба истифода дода шуд
Маркази миллии тестӣ давраи сеюми бақайдгирии довталабонро тамдид намуд
Имрӯз даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
Тоҷикистон натиҷаҳои аввалини PISA 2025-ро муаррифӣ мекунад
Байни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва MERI Centre for International Studies Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
МАОРИФ — САРМОЯИ МИЛЛАТ. Дар ҳошияи суханронии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи дониш
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба талаботи асри технология мутобиқ гардидааст
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Вестминстер Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ баргузор шуд
Оид ба дастовардҳои илмии Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ ҳамоиш доир шуд






