Маҳмадтоир Зокирзода дар кори Анҷумани X парлумонии БРИКС дар шаҳри Санкт Петербург иштирок намуд

Июль 12, 2024 09:42

ДУШАНБЕ, 12.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. 11 июл ҳайати парлумонии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода дар кори Анҷумани X парлумонии БРИКС, ки шаҳри Санкт-Петербург таҳти раёсати Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия Валентина Матвиенко баргузор гардид, иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маҷлиси намояндагон хабар доданд

Дар назди иштирокчиёни Анҷумани X парлумонии БРИКС Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суханронӣ намуда, гуфт, ки «Мавзуи форуми имрӯза «Нақши парлумонҳо дар таҳкими бисёрҷониба барои рушди одилонаи ҷаҳонӣ ва амнияти ҷаҳонӣ» ниҳоят муҳим аст.

Сипас, дар чаҳорчӯби раёсати Русия дар БРИКС анҷуман кори худро идома дод.

Дар идомаи кор ҷаласаи якуми пленарии анчуман дар ҳайати васеъ бо иштироки намояндагони ҳайатҳои парлумонии мамлакатҳои аъзои БРИКС, давлатҳои даъватшуда ва созмонҳои байнипарлумонӣ баргузор гардид. Он ба нақши парлумонҳо дар зиёд кардани самараи системаи муносибатҳои байналхалқӣ ва таъмини демократиконии он бахшида шуд.

Ҳамчунин ҷаласаи пленарии анҷуман дар ҳайати васеи иштирокчиён баргузор гардид. Иштирокчиён нақши парлумонҳоро дар муқовимат ба парокандагии низоми бисёрҷонибаи тиҷорат ва рафъи таҳдидҳои марбут ба паёмадҳои буҳронҳои ҷаҳонӣ баррасӣ намуданд.

Ҳамкории байнипарлумонӣ дар бахшҳои гуманитарӣ ва фарҳангӣ мавзуи сеюми ҷаласаи пленарии анҷуман дар ҳайати васеъ буд.

Бояд тазаккур дод, ки Анҷуман дар шакли нави васеъ бо иштироки роҳбарони парлумонҳои давлатҳои аъзои БРИКС, инчунин намояндагони созмонҳои порлумонии байналмилалӣ ва минтақавии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 12, 2024 09:42

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЛАМЕНТ ВА ДИПЛОМАТИЯИ МИЛЛӢ: 35 СОЛИ ТАҶРИБАИ ДАВЛАТДОРИИ МУСТАҚИЛИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ
Дилноза Аҳмадзода: «Истиқлолият заминаи асосии таҳкими давлатдории миллӣ ва рушди Тоҷикистон гардид»
Файзалӣ Идизода сокинони Сангворро ба гиромӣ доштани дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ даъват намуд
35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Марҳилаи пур аз рӯйдодҳои муҳим, созандагӣ ва дастовардҳои беназири Тоҷикистон
Вакилони Маҷлиси намояндагон ба фаъолони ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Шоҳмансури пойтахт моҳияти Истиқлоли давлатиро шарҳ доданд
Муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагон бо фаъолони шаҳри Панҷакент вохӯрӣ намуд
Файзалӣ Идизода бо аскарону афсарон ва фаъолони ноҳияи Сангвор вохӯрӣ намуд
Вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагон бо кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе доир шуд
Дастовардҳои соҳаи маориф дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Ҳисор баррасӣ шуданд
Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Вакилони Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Фирдавсӣ вохӯрӣ намуданд
Вакили Маҷлиси намояндагон бо кормандони соҳаи тандурустии шаҳри Ҳисор вохӯрӣ намуд