Даври ҷумҳуриявии мусобиқаи футболи хурд барои дарёфти «Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон» оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 06.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи нақшаи чорабиниҳои ҷашнии Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бахшида ба 30 – солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федеретсияи футболи Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд барои дарёфти «Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон» байни дастаҳои футболи ғайрикасбии шаҳру ноҳияҳои мамлакат доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон хабар доданд.
Мусобиқа оид ба футболи хурд барои дарёфти «Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон» бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалби шаҳрвандони мамлакат ба машғулияти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ташвиқу тарғиби васеи бозии футбол дар байни аҳолии мамлакат, таъмини иҷрои «Барномаи махсуси Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон дар бораи рушди футбол дар деҳоти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2024» ва муайян намудани беҳтарин дастаи футболи шаҳру ноҳияҳои мамлакат маҳсуб мешавад.
Бо мақсади дар сатҳи баланд доир намудани мусобиқа марҳилаи интихобӣ аз сатҳи маҳаллаву деҳа, марҳилаи дуюм дар сатҳи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, марҳилаи сеюм дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳо тибқи талаботи Низомнома баргузор гардид.
Иттилоъ медиҳем, ки ғолибони ҳамаи марҳилаҳои интихобӣ аз ҷониби кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо диплом, медалу туҳфаҳои арзишманди хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Ба даври ҷумҳуриявии мусобиқаи футболи хурд барои дарёфти «Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон» 8 дастаи ғайрикасбӣ аз ҷумла, аз шаҳри Душанбе, Хатлон – 1, Хатлон — 2, ВМКБ, Суғд, Ҳисор, Рашт ва НБО «Роғун» роҳхат пайдо намуданд.
Даври ҷумҳуриявии мусобиқа дар арафаи таҷлили ҷашни пуршукуҳи 33 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷмааи варзишии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мегузарад.
АКС аз манбаъҳои боз








ФУТБОЛ. Пагоҳ бозиҳои даври 13-уми Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ оғоз мегардад
Варзишгари ҷавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини юнону румӣ соҳиби медали нуқра гардид
Варзишгарони тоҷик ба хазинаи варзишии Тоҷикистон 278 медал ворид намуданд
Варзишгари Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалии теннис соҳиби ду медали тилло шуд
Дар шаш моҳи соли 2026 варзишгарони вилояти Хатлон беш аз 1000 медал ба даст оварданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Данғара мусобиқаи гӯштини миллӣ баргузор гардид
Соли 2027 дар Душанбе Чемпионати Осиё оид ба акробатикаи варзишӣ баргузор мешавад
Дар Мусобиқаи байналмилалии «Lausanne Grand Slam-2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон 14 нафар иштирок менамояд
Душанбе мизбони ҷаласаҳои Федератсияи ҷаҳонии гимнастика гардид
Ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон дар доираи Ёддошти тафоҳум густариш меёбад
Дастаи духтаронаи Тоҷикистон (U-17) дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 бо Кореяи Ҷанубӣ, Урдун ва АМА ҳамгурӯҳ гардид
Доварони футболи Тоҷикистон омодагиро ба қисми дуюми мавсим оғоз намуданд






