Дар Бонки миллии Тоҷикистон оид ба таҷрибаи муосири байналмилалӣ дар соҳаи хизматрасонии молиявӣ ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 09.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Бонки миллии Тоҷикистон дар доираи нақшаи чорабиниҳои амалисозии «Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» дар мавзуи «Таҳияи вебсайти мутамарказ барои муқоисаи нархҳо/пешниҳодҳо» ҳамоиш баргузор гардид.
Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ гуфт, ки «ҳадафи баргузории ҳамоиш муаррифии таҷрибаи муосири байналмилалӣ дар соҳаи хизматрасонии молиявӣ мебошад. Он ба иштирокдорони соҳа ва ҷонибҳои манфиатдор барои таҳияи сомонаи интернетӣ (веб-сайт)-и мутамарказ бобати муқоисаи нархҳо/пешниҳодҳо, муайян кардани қадамҳои таҳия, кушодани саҳифаи интернетии мутамарказ ва интихоби модели мувофиқ барои Тоҷикистон имкон медиҳад».
Роҳбари ҳайати бахши молияи Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ дар кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ Пиетро Каличе гуфт, ки «чунин саҳифаҳои интернетӣ бо мақсади фароҳам овардани шароити зарурӣ барои дарёфти хизматрасонии дахлдори молиявӣ бо нархҳои дастрас ва шартҳои мақбул, интихоби дурусти ташкилоти қарзӣ, ки талаботи истеъмолкунандагонро қонеъ намуда, аз лиҳози иқтисодӣ манфиатбахш мебошанд, таҳия мешаванд».
Мушовири байналмилалии Бонки ҷаҳонӣ иштирокдоронро бо таҷрибаи дигар давлатҳо дар ин самт бо пешниҳоди рӯнамо шинос намуд. Инчунин аҳли нишаст бо беҳтарин таҷрибаи ҷаҳонӣ дар самти таҳияи саҳифаи интернетии мутамарказ барои муқоисаи нархҳо/пешниҳодҳо ва танзиму назорати он шинос шуда, мулоҳизаҳои худро баён намуданд.
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон








Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии молҳо ва хизматрасонӣ барои саломатӣ ва зебоӣ доир мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Беларус дар самти сохтмон ва меъморӣ густариш меёбад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Аъзои хоҷагии деҳқонии «Бобои Ҳақназар» картошкаро ҷамъоварӣ намуда, тарбуз кишт мекунанд
Банкнотаи ҷашнии 100-сомонии Тоҷикистон ба рӯйхати ғолибони ҷоизаи байналмилалии IACA-2026 ворид шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1250 то 0.1276 сомонӣ муқаррар шудааст
Нақшаи пилласупорӣ дар вилояти Хатлон 76,9 фоиз иҷро гардид
Мудири кулли Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ Тсюй Дунъюй ба иқтидори кишоварзии Тоҷикистон баҳои баланд дод
Ҳайати Тоҷикистон бо намояндагони Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва ширкати «OG Research» вохӯрӣ намуд
ПУЛИ САРМОЯГУЗОРӢ. Дар чорабинии канорӣ роҳҳои ҷалби захираҳои молиявӣ баррасӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Деваштич дар 7070 гектар картошка кишт карда мешавад
Нигина Анварӣ: «Фонди махсуси навсозии системаҳои ирригатсионии Осиёи Марказӣ ташкил карда шавад»






