Фоизҳо барои амалиёти пулӣ тариқи замима камтар шуданд

Октябрь 14, 2024 11:09

ДУШАНБЕ, 14.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Яке аз замимаҳои маъруфтарини Тоҷикистон боз ҳам муфидтар шуд: акнун ҳангоми анҷом додани амалиёти молиявӣ тавассути «МегаФон Life» комиссия камтар гирифта мешавад. Дар якчанд ҳолати муайян фоиз умуман гирифта намешавад.

Истифодабарандагони замима имкон доранд, ки бе комиссия маблағи алоқаи мобилии ҳамаи операторҳо, NGN, телефонҳои шаҳрӣ ва хизматрасониҳои интернет-провайдеронро пардохт намоянд. Қаблан барои ин гуна пардохтҳо аз тавозуни «Ҳамён» ё кортҳои бонкии дар замимаи «МегаФон Life» бақайдгирифта комиссия дар ҳаҷми 1,5 фоиз  муқаррар шуда буд.

Комиссия инчунин барои пардохти ҳисобҳои хоҷагии манзилию коммуналӣ, хизматрасонии давлатӣ, андозҳо, телевизион, харидҳо дар мағозаҳои интернетӣ, хизматрасонии идораҳои букмекерӣ ва гузаронидани маблағҳо барои хайрия гирифта намешавад.

Комиссия барои пуркунии тавозуни рақамҳои операторони хориҷии мобилӣ кам шудааст. Агар қаблан барои ин хизматрасонӣ пардохти 1,5 фоиз зарур меомад, акнун он 1 фоизро ташкил медиҳад.

Шартҳо барои интиқоли фаромарзӣ ба Федератсияи Русия, аз ҷумла дар доираи хизматрасонии Visa Direct бетағйир боқӣ монданд – комиссия 1 фоизро ташкил медиҳад.

Яке аз вазифаҳои дигари мувофиқ, ки ба истифодабарандагони «МегаФон Life» дастрас мебошад, имконияти гузаронидани маблағи тавозуни SIM-корт ба тавозуни «Ҳамён» ба шумор меравад. Комиссия 1 фоизро аз ҳисоби маблағи интиқол ташкил медиҳад. Ба ғайр аз ин, метавон маблағро аз тавозуни «Ҳамён» ё корти дар замима бақайдгирифта ба кортҳои дигари бонкӣ ва ҳамёнҳои электронӣ интиқол дод. Комиссия – ҳамчунин 1 фоиз.

«МегаФон Life»-ро боргирӣ намуда, маблағҳои худро дар дилхоҳ ҷое, ки интернет мавҷуд аст, идора намоед!

АКС: ширкати «МегаФон Тоҷикистон»

 

Октябрь 14, 2024 11:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон бо ҷараёни корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ шинос шуд
Ҷаласаи ташкилоти ибтидоии «Оморчиён»-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо Раиси Суди иқтисодии ИДМ мулоқот намуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон боридани боронҳои сел пешгӯӣ мешавад
Имсол кирмакпарварони ноҳияи Хуросон беш аз 10 ҳазор килограмм пилла месупоранд
Дар Тоҷикистон Мусобиқаи ҷумҳуриявии «МегаФон Life бо сабки футбол» оғоз ёфт
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар озмуни вилоятии «Барномасози ҷавон» 34 довталаб аз муассисаҳои таълимии Бадахшон иштирок намуд
Дар ноҳияи Ёвон Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор шуд
Бахшида ба 70-солагии таъсиси шаҳри Бӯстон Озмуни шаҳрии «Китобхонаи беҳтарин» баргузор гардид
Кирмакпарварони ноҳияи Панҷ беш аз 78 фоизи нақшаи пилласупориро иҷро намуданд
«ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ оғоз гардид