Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ ҳамкориро дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 09.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. 8 октябр ҷаласаи дуюми Комиссияи муштараки вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ бо иштироки сардорони раёсатҳои марбутаи мақомоти корҳои дохилии ҳарду ҷониб баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ҷаласа дар доираи ҳамкории судманду мутақобили Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар соҳаи мубориза бо ҷинояткорӣ баргузор гардид.
Зимни ҷаласа ҷонибҳо оид ба самтҳои муқовимат бар зидди терроризм, экстремизм, дастгир ва истирдоди ҷинояткорони дар ҷустуҷӯ қарордошта, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, савдои одамон, омӯзиши роҳу усулҳо ва пешгирии ҷиноятҳои кибернетикӣ мубодилаи афкор намуданд.
Ҳамчунин вобаста ба мубодилаи иттилоот, таҷриба, баргузории даврҳои кӯтоҳмуддат ва омода намудани мутахассисони баландпоя ибрози андеша карда шуд.
АКС: Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Аз 1 август ҳаракати нақлиёт дар баъзе кӯчаҳои шаҳри Душанбе муваққатан маҳдуд карда мешавад
ИМРӮЗ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ ХАДАМОТИ ОТАШНИШОНӢ. Кормандони ин ниҳод барои ҳифзи ҷони шаҳрвандон ба таври шабонарӯзӣ фаъолият менамоянд
Масъалаҳои таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ баррасӣ гардиданд
Котиби Шурои амнияти мамлакат бо Сафири Покистон дар Тоҷикистон мулоқот намуд
ҚОИДАҲОИ БЕХАТАРӢ АЗ СӮХТОРРО РИОЯ НАМОЕД! Дар Тоҷикистон беш аз 500 ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шудааст
Прокуратураи генералӣ оид ба иҷрои қонунгузории мамлакат беш аз 4,6 ҳазор санҷиш гузаронид
Дар Тоҷикистон беш аз 600 ҳолати машғул шудан ба ҷодугарӣ ва фолбинӣ ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон сатҳи содиршавии ҷиноят 10,3 фоиз коҳиш ёфтааст
Рамазон Раҳимзода: «Ҷавобгарӣ барои таваққуф дар қаторҳои дуюм ва сеюм пурзӯр карда мешавад»
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаш моҳи соли 2026 сатҳи ҷинояткорӣ байни ноболиғон ва ҷавонон зиёд шудааст
Раҷабалӣ Раҳмоналӣ: «Ҳодисаҳои ғарқшавӣ асосан бо сабаби риоя накардани қоидаҳои оббозӣ ба амал меоянд»
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Шумораи ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ дар Тоҷикистон 519 ҳолат афзоиш ёфтааст






