Байни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Беларус созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид

Ноябрь 28, 2024 10:49

ДУШАНБЕ, 28.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Байни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ ва Донишгоҳи миллии техникии Беларус, Донишгоҳи Беларус-Русия ва Донишгоҳи давлатии нақлиёти Беларус созишномаҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи техникӣ хабар доданд, созишномаҳои ҳамкорӣ 27 ноябр дар доираи Форуми сеюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон ва Беларус  дар самти боғҳои фанноварӣ, омӯзиши таҷрибаи пешқадам, таҳияи барномаҳои муштарак, таҳияи маводи таълимии муштарак, табодули устодону донишҷӯён ва анҷом додани корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ аз ҷониби ректори донишгоҳ Қудрат Давлатзода ба имзо расонида шуданд.

Ёдовар мешавем, ки 27 ноябр дар шаҳри Душанбе Форуми сеюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус таҳти унвони «Маориф-ҳамчун омили муҳим дар таҳкими робитаҳои дуҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус» баргузор шуд. Форум имрӯз идома меёбад.

Ҳадафи асосии форум таҳия ва андешидани тадбирҳои зарурӣ оид ба таҳкими самтҳои афзалиятноки ҳамкории байнидавлатӣ дар соҳаи таҳсили олӣ ва илм, омӯхтани таҷрибаи пешқадам барои  баланд бардоштани сифати таҳсил, омода намудани мутахассисони варзида ва таҳкими муносибатҳои дӯстона мебошад.

АКС: Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ

Ноябрь 28, 2024 10:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Иди Наврӯзро дар Коллеҷи политехникии ноҳияи Данғара пуршукуҳ ҷашн гирифтанд
Оид ба инкишофи бартарияти рақобатпазирии иқтисодиёти Тоҷикистон дар шароити муосир конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ озмоишгоҳи физика ба истифода дода шуд
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар “Боғи Ирам” Фестивали муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баргузор шуд
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ҷашни Наврӯзро таҷлил намуданд
Барои масъулини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар самти татбиқи низоми кредитӣ машварат оғоз ёфт
Хатмкунандагони Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ гусел намуданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба иқтисоди миллӣ ҳамоиш доир шуд
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии «Brainiacs» 173 ҷойи ифтихориро сазовор шуданд
Фаррух Каримзода дар Олимпиадаи кушоди математикии донишҷӯёни мактабҳои олии ҷаҳон соҳиби медали тилло гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ 10 муассисаи томактабӣ бунёд мегардад
Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд