Дар иҷлосияи Конфронси тарафҳои Конвенсияи СММ оид ба гуногунии биологӣ ташаббусҳои глобалии Президенти Тоҷикистон баррасӣ шуданд

Ноябрь 1, 2024 16:24

ДУШАНБЕ, 01.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи амалӣ гардонидани ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба Рӯзи байналмилалии Морхӯр эълон намудани 24 май ва қабул гардидани қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон намудани соли 2025 дар иҷлосияи пленарии Конфронси 16-уми тарафҳои Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба гуногунии биологӣ (СОР16), ки дар шаҳри Калии Колумбия доир гардид, баррасӣ шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Зимни ифтитоҳи иҷлосияи пленарии Конфронси 16-уми тарафҳои Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба гуногунии биологӣ (СОР16) Президенти Колумбия Густаво Франсиско Петро Уррего, Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш ва сарони давлатҳои гуногун иштирок ва сухан намуданд.

Дар қисми дуюми иҷлосия Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода сухан намуда, таваҷҷуҳи ҳозиринро ба дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иҷрои уҳдадориҳо дар назди конвенсияҳои Созмони Милали Муттаҳид вобаста ба гуногунии биологӣ, тағйирёбии иқлим ва мубориза бо биёбоншавӣ ҷалб намуд. Инчунин масъалаи амалӣ гардонидани ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба Рӯзи байналмилалии Морхӯр эълон намудани 24 май ва қабул гардидани қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон намудани соли 2025 мавриди таваҷҷуҳи иштирокдорон қарор дода шуд.

Ҷаласаи Конфронси 16-уми тарафҳои Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба гуногунии биологӣ чорабинии байналмилалии сатҳи баланд мебошад, ки ба он намояндагони ҳукуматҳо, мақомоти давлатии соҳаи ҳифзи муҳити зист, олимон ва созмону ташкилоти байналмилалӣ даъват карда шудаанд.

Ҳадаф аз баргузории конфронс баррасии масъалаҳо оид ба ҳалли мушкилиҳои экологӣ, ҳамкории байналмилалӣ барои ҳифзи муҳоҷирати ҳайвоноти ваҳшӣ ва пешбурди ҳадафҳои ҷаҳонии гуногунии биологӣ дар чаҳорчӯбаи гуногунии биологии Кунмин-Монреал дар сатҳи байналмилалӣ мебошад.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Ноябрь 1, 2024 16:24

Хабарҳои дигари ин бахш

РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд
22 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБ. Тоҷикистон дар масъалаи пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об давлати пешсаф эътироф шудааст
Конфронси чоруми Душанбе дорои хусусияти фарогир, амалӣ ва ба оянда нигаронида хоҳад буд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид
Раванди оби Душанбе табодули афкор ва назарҳоро дар бораи нақши захираҳои об таъмин менамояд
Конфронси чоруми Душанбе байни конфронсҳои солҳои 2023 ва 2026 ҳамчун пул хизмат менамояд
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо конфронси миллӣ баргузор шуд
Оид ба тадбирҳои технологии ҳифзи пиряхҳо дар шароити тағйирёбии иқлим конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид