Дар Тоҷикистон осори қадимии таърихии 150-ҳазорсола дарёфт гардид
ДУШАНБЕ, 15.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон осори бостонии қадимиеро пайдо намуданд, ки дар бораи 150 ҳазор сол пеш муҳоҷират кардани гурӯҳҳои ибтидоии инсонӣ дар Осиёи Марказӣ маълумоти нодир медиҳад, иттилоъ додааст АМИТ «Ховар» бо истинод ба маҷаллаи Antiquity.
Дар маҷалла, аз ҷумла таъкид шудааст, ки «бостоншиносони донишгоҳи Исроил дар водии Зарафшон (Тоҷикистон) ёдгории бисёрқабатаи қадимиро дар мавзеи Сойи Ҳавзак кашф намуданд, ки он ба масир ва инкишофи ибтидоии инсоният равшании нав меандозад. Роҳбари гурӯҳи таҳқиқотӣ-профессор Йосси Зайднер хулосаҳояшро ба маҷаллаи Antiquity пешниҳод намудааст. Вай бозёфтҳои нодир, аз қабили асбоби сангин, устухонҳои ҳайвонот ва боқимондаҳои растаниҳои қадимиро, ки ба давраҳои гуногуни аз 20 ҳазор то 150 ҳазор сол пеш тааллуқ доштаанд, тавсиф намудааст. Ба маълумоти ӯ, водии Зарафшон дар асрҳои миёна чун як қисмати Роҳи абрешим ҳанӯз қабл аз ин масири муҳими сукунати инсон будааст.

Бостоншиносон чунин меҳисобанд, ки ин минтақа ҳамчун долони муҳоҷират барои намудҳои гуногуни одамон, аз ҷумла «Одами боақл» (Homo sapiens) ва неандерталҳо (як намуди нобудшудаи инсон) хизмат мекардааст. Эҳтимол ин гурӯҳҳо дар ин минтақа бо ҳам бархӯрд ва ҳамкорӣ доштаанд. Ҳадафи пажуҳиш низ ба беҳтар фаҳмидани он ки кадом навъи инсон дар ин минтақа сукунат дошт ва чӣ гуна онҳо бо ҳам муошират мекарданд, равона гардидааст.
Гурӯҳ дар се қисмати Сойи Ҳавзак корҳои кофтуковӣ анҷом дода, якчанд қабатро кашф намуд, ки далели фаъолияти давомдори инсон мебошанд. Боқимондаҳои органикии кашфшуда — устухонҳо ва чӯбу тахтаи сӯхташуда хуб нигоҳ дошта шудаанд, ки ин ба олимон имкон медиҳад иқлим ва шароити қадимиро, ки дар он одамони он замон зиндагӣ мекарданд, аз нав барқарор намоянд. Бе осеб нигоҳ дошта шудани ин гуна мавод ба ошкор гардидани боқимондаҳои одамон низ умед мебахшад. Ин барои дақиқ муайян кардани намуди одамоне, ки дар ин минтақаҳои Осиёи Марказӣ зиндагӣ мекардаанд, имкон медиҳад.
Antiquity — маҷаллаи академие мебошад, ки ба мавзуи археология бахшида шудааст. Он соле шаш шумора нашр мекунад, ки мавзуъҳоро аз тамоми ҷаҳон оид ба тамоми давраҳо дар бар мегирад. Муҳаррири кунунии он адъюнкт–профессори археологияи Донишгоҳи Дарем Роберт Витчер мебошад. Аз соли 2015 маҷалла аз ҷониби нашриёти Cambridge University Press нашр мешавад.


АКС: маҷаллаи Antiquity








Бинои нави маъмурии Муассисаи давлатии «Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор» ба истифода дода шуд
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи фалак ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи фалак таҷлил мегардад
Тоҷикистон дар Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ соҳиби ҷойи аввал гардид
Тоҷикистон ва Британияи Кабир ҳамкориро дар самти омӯзиши забони англисӣ густариш медиҳанд
Тоҷикистон ва Британияи Кабир ҳамкориро дар самти омӯзиш ва ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ тақвият медиҳанд
Даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» доир мегардад
Таҳкими ҳамкорӣ байни Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо Шурои Британия дар Душанбе баррасӣ гардид
Иштирокдорони Бозиҳои ХХ Делфии ҷавонони ИДМ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуданд
Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг доир мегардад
Ҷаласаи Шурои ҳукуматӣ оид ба рушди кинематографияи миллӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ идома доранд






