Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҷараёни ҷамъоварии пахта дар ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
ДУШАНБЕ, 04.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. 2 ноябр муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода дар ноҳияи Мастчоҳ бо ҷараёни ҷамъоварии ҳосили зироати кишоварзӣ, аз ҷумла ҷамъоварии пахта дар хоҷагиҳои пахтакор шинос шуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ хабар медиҳад, Сулаймон Зиёзода барои беталаф ва ҳарчи зудтар ҷамъ овардани пахта маслиҳат дод. Ӯ иброз намуд, ки шумораи ҳашарчиёнро аз ҳисоби саҳмдорон ва ёрдамчиён зиёда намуда, ҳамзамон онҳоро барои ғунучини пахта ҳавасманд намоянд.
Муовини Сарвазир дар суҳбат бо масъулини соҳаи кишоварзии ноҳия ҳамчунин таъкид кард, ки кишоварзон бояд бо истифода аз рӯзҳои офтобии фасли тирамоҳ ҷамъоварии ҳосилро тезонанд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ








Сардори Хадамоти алоқа дар Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург иштирок намуд
Масъалаи таъсиси Маркази логистикӣ дар гузаргоҳи сарҳадии «Дустӣ» баррасӣ шуд
Дар Душанбе марҳилаи дуюми ҳакатони минтақавии «Ҳалли сабз ва рақамӣ барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» доир гардид
Мутахассисони «Тоҷикаэронавигатсия» дар ҷаласа оид ба хизматрасонии метеорологии авиатсияи гражданӣ дар Бишкек иштирок намуданд
Тоҷикистону Чин ҳамкориро дар бахши низоми бонкӣ густариш медиҳанд
Дар Тоҷикистон зиёда аз 32 ҳазор тонна картошка ҷамъоварӣ шудааст
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Покистон дар соҳаҳои гуногун баррасӣ шуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи обуҳавошиносӣ дар доираи «MAZU» тақвият меёбад
Форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «Хатлон — сарзамини тамаддунҳо ва саёҳат» оғоз гардид
Қоҳир Расулзода бо вазири федералии энергетикии Покистон Авайс Аҳмад Хан Леғарӣ мулоқот намуд
Ҷаласаи Гурӯҳи кории намояндагони мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор гардид
Дар Душанбе рафти татбиқи лоиҳаҳои муштарак бо Бонки Олмонии рушд баррасӣ гардид






