Ҳайати омӯзгорони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо роҳбарияти Донишгоҳи Ситии Малайзия мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 20.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Масоили мубрами ҳамкорӣ байни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо Донишгоҳи Ситии Малайзия дар мулоқоти роҳбарияти Донишгоҳи Ситии Малайзия бо омӯзгорони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, ки барои иштирок дар даври такмили ихтисос ба ин донишгоҳ рафтаанд, дар Куала- Лумпур баррасӣ гардид.
Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иттилоъ медиҳад. Дар мулоқот ҷонибҳо барои боз ҳам тақвият додани робитаҳо, аз ҷумла дар самти ҷалби омӯзгорони ҳарду ҷониб, таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак ибрози назар намуданд.
Бояд гуфт, ки ҳайати омӯзгорони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон даври такмили ихтисосро дар Малайзия дар доираи шартномаи ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ин донишгоҳи бонуфузи Малайзия аз соли 2021 мегузаронанд.
Дар даври омӯзишӣ дар Донишгоҳи бонуфузи Малайзия 8 омӯзгори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон вобаста ба самтҳои сайёҳӣ ва меҳмондорӣ, иқтисоди «сабз», зеҳни сунъӣ, IT-технологияҳо ва маҳорати омӯзгорӣ такмили ихтисос менамоянд.
Ташкили чунин даврҳои омӯзишӣ дар доираи шартномаҳои ҳамкорӣ байни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Ситии Малайзия дар оянда идома ёфта, дар асоси он омӯзгорон давра ба давра дар ин кишвар такмили ихтисос менамоянд.
АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон










САЙЁҲИИ РАҚАМӢ. Дар Душанбе лоиҳаи замимаи мобилии «Ватан» муаррифӣ гардид
Барои рушди соҳаи маорифи ноҳияҳои водии Рашт дар 20 соли охир беш аз 2,1 миллиард сомонӣ равона шудааст
Бо иштироки 602 нафар довталаб даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Беш аз 200 нафар ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифтанд
Дар Филиали Донишгоҳи миллии тадқиқотии «Донишкадаи энергетикии Москва» дар шаҳри Душанбе озмоишгоҳи нав ба истифода дода шуд
Маркази миллии тестӣ давраи сеюми бақайдгирии довталабонро тамдид намуд
Имрӯз даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
Имконоти сайёҳӣ ва ҳунарҳои миллии Тоҷикистон дар шаҳри Тула муаррифӣ гардид
Тоҷикистон натиҷаҳои аввалини PISA 2025-ро муаррифӣ мекунад
Байни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва MERI Centre for International Studies Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
МАОРИФ — САРМОЯИ МИЛЛАТ. Дар ҳошияи суханронии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи дониш
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба талаботи асри технология мутобиқ гардидааст






