Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи муассисаҳои таълимии шаҳри Кӯлоб шинос гардид

Декабрь 13, 2024 11:00

ДУШАНБЕ, 13.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. 11 декабр муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ бо вазъи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №17 ва №18-и Ҷамоати деҳоти Даҳанаи шаҳри Кӯлоб шинос гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб хабар доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17  580 хонанда ба таълиму тарбия фаро гирифта шудааст. Ҳамчунин дар ин рӯз бинои нави иловагии дуошёна барои 350 хонанда дар ду баст, иборат аз 8 синфхона ба истифода дода шуд.

Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №18, ки дар деҳаи Лавоваи Ҷамоати деҳоти Даҳана воқеъ аст, 420 хонанда таҳсил менамоянд. Дар ин муассиса низ бинои нави иловагии дуошёна барои 200 хонанда дар ду баст ба истифода дода шуд.

Иброз гардид, ки имконоти мавҷуда ва фароҳам овардани шароити мусоид барои насли имрӯзу фардои мамлакат аз таваҷҷуҳи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба соҳаи маориф дарак медиҳанд.

Масъулини соҳаи маорифи шаҳри Кӯлоб иброз доштанд, ки тамоми кӯшишу талошро барои сари вақт иҷро намудани дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон равона намуда, фарзандонро дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия менамоянд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб

Декабрь 13, 2024 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ХОНАНДАИ СОЛ. Мадина Саидализода ғолиби даври ҷумҳуриявии озмун гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Машварати байналмилалии «Забони чинӣ + малакаҳои касбӣ» иштирок намуданд
Дар ноҳияи Муъминобод фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ бештар мегардад
Дар Вазорати маориф ва илм бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши илмӣ-назариявӣ доир гардид
Маркази барномаҳои байналмилалӣ қабули ҳуҷҷатҳоро ба муассисаҳои ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғури Чин оғоз намуд
Рушди илму маориф дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Тоҷикистон мавқеи меҳварӣ дорад
Байни Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ва IREX Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ММТ: «Дар 22 шаҳру ноҳия барои омода намудани кормандони муваққатии марказҳои имтиҳонӣ машварат доир мешавад»
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ҳамчун муассисаи пешсаф дар нашрияи байналмилалии «Asia Education Review» муаррифӣ гардид
Хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар олимпиадаҳои фаннӣ соҳиби 46 ҷойи ифтихорӣ гардиданд
Дар Душанбе ғолибони даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори сол-2026» муайян гардиданд
Дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии деҳаи Хумгарони Панҷакент чор синфхонаи иловагӣ сохта мешавад