«НОЗИРИ МИНТАҚАВӢ-СИМОИ МИЛИТСИЯ». Барои нозирони минтақавии вилояти Хатлон даври омӯзишӣ гузаронида шуд
ДУШАНБЕ, 27.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. 25 январ дар вилояти Хатлон оид ба баланд бардоштани малакаи касбии нозирони минтақавии милитсия ва тақвияти ҳамкории онҳо бо аҳолӣ таҳти унвони «Нозирони минтақавӣ-симои милитсия» даври омӯзишӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон хабар доданд.
Ин машварати омӯзишӣ бо мақсади амалӣ намудани роҳу усулҳои самарабахши корбарӣ ва ҳамкории дуҷонибаи милитсия бо аҳолӣ, баланд бардоштани савияи дониш ва малакаи касбии кормандони самти ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, аз ҷумла нозирони минтақавӣ доир шуд.
Сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон Шариф Назарзода иброз намуд, ки нозирони минтақавӣ симои милитсия буда, бояд бо аҳолӣ зич ҳамкорӣ намоянд. Онҳо бояд дар пешгирии содиршавии ҷинояту кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, аз байн бурдани падидаҳои халалдоркунандаи манфиатҳои давлату миллат ва суботу оромӣ, решакан намудани ифротгароӣ ва хурофотпарастӣ дар минтақаи хизматӣ ва баргузории чорабиниҳои маърифатӣ-ҳуқуқӣ дар байни қишрҳои гуногуни ҷомеа саҳм гузоранд.
Нозирони минтақавии милитсияи вилояти Хатлон вазифадор гардиданд, ки мувофиқи дастурамалҳои самти фаъолияти хизматӣ вазифаҳоро софдилона иҷро намуда, дар хизмати ҳаррӯза ва муошират бо мардум хушмуомила ва рафтори намунавӣ дошта бошанд.
Инчунин таъкид гардид, ки нозирон бояд савияи дониши худро пайваста тақвият бахшида, ба омӯхтани забонҳои хориҷӣ машғул шаванд ва дар ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон дар ҷомеа масъулияти баланд нишон диҳанд.
АКС: Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон








Ҳабибулло Воҳидзода дар ҷаласаи ҳафтуми прокурорҳои генералии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуд
Дар Душанбе бо ҳамватанони бурунмарзӣ вохӯрӣ доир шуд
Дар шаҳри Исфара бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ гузашти ҳарбӣ доир шуд
Дар Суғд ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо иштироки беш аз 8 ҳазор нафар гузашти низомӣ доир гардид
Дар Паради ҳарбӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ беш аз 27 ҳазор нафар иштирок намуданд
Вазири мудофиа: «Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ Артиши миллии Тоҷикистон роҳи пуршарафу пурмасъулиятро тай намуд»
РУШДИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРАИ ҲАРБӢ. Эҳдо ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГВАРДИЯИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН. Гвардияи миллӣ ба сохтори қудратманди ҳарбии таъйиноти махсус табдил ёфтааст
Даъвати тирамоҳии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 ба хизмати ҳарбӣ аз моҳи октябр оғоз мегардад
БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Миллати тоҷбарсар ва Сарвари тамаддунофар
ПЕШВОИ МИЛЛАТ — ПУШТИБОНУ ҒАМХОРИ ЯТИМОН. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
«Нозирони навраси ҳаракат»-и Тоҷикистон дар озмуни байналмилалӣ соҳиби ҷойи якум гардиданд






