Ҳамкории Тоҷикистон ва Эрон дар соҳаи сайёҳӣ густариш меёбад

Февраль 14, 2025 09:50

ДУШАНБЕ, 14.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, аз 11 то 14 феврал дар шаҳри Теҳрон Намоишгоҳи 18-уми байналмилалии сайёҳӣ ва саноатии Теҳрон «Tehran International Tourism and Related Industries Exhibition» баргузор мегардад.

Аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки дар доираи ин намоишгоҳ Раиси Кумита Ҷамшед Ҷумъахонзода бо Вазири мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеи дастии Ҷумҳурии Исломии Эрон Саид Ризо Солеҳи Амирӣ вохӯрӣ намуд.

Дар вохӯрӣ Ҷамшед Ҷумъахонзода аз имконоту имтиёзҳои фароҳамовардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуда, дар ин замина ташкили хатсайрҳои нави сайёҳӣ ва баргузории чорабиниҳои муштаракеро, ки барои зиёд гардидани сайёҳони ҳарду давлат замина мегузоранд, муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ намуд.

Ҳамчунин зимни вохӯрӣ имконоти сайёҳии фарҳангию таърихӣ ва табиию экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ гардид.

АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 14, 2025 09:50

Хабарҳои дигари ин бахш

«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар Муъминобод форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ баргузор мегардад
Дар мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» тадбирҳои беҳдошти ҳолати гидрологӣ амалӣ гардиданд
Дар Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд дар Душанбе ҳайати бонуфуз аз Миср иштирок менамояд
Аз ноҳияи Дӯстӣ ба Федератсияи Русия маҳсулоти кишоварзӣ содирот мегардад
Кишоварзони ноҳияи Восеъ дар беш аз 7 ҳазор гектар пунбадона кишт менамоянд
Оид ба рақамикунонии минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар шароити кишварҳои Авруосиёӣ форуми байналмилалӣ доир мешавад
Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмуни «Топ-35- шарики боэтимоди сол» баргузор мегардад
Ҳайати Тоҷикистон дар маҷлиси машваратии давлатҳои электорати Хазинаи байналмилалии асъор иштирок намуд
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ғолибони Олимпиадаи байналмилалӣ қадрдонӣ карда шуданд
«Shohin Airlines» 4 ҳавопаймои силсилаи «Airbus A320neo» мехарад
Ҳайати Тоҷикистон дар Вашингтон масъалаҳои молиявӣ ва иқтисодиро бо шарикони байналмилалӣ баррасӣ намуд
Дар Душанбе ҳамоиши намояндагони тиҷоратии давлатҳои БРИКС ва СҲШ баргузор гардид