Ҳайати Тоҷикистон дар Барномаи омӯзишӣ оид ба масъалаҳои маблағгузорӣ ва суғуртакунии хавфҳо иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 12.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ дар «Барномаи омӯзишӣ барои роҳбарони сатҳи баланд оид ба масъалаҳои маблағгузорӣ ва суғуртакунии хавфҳо вобаста ба иқлим ва офатҳои табиӣ», ки дар Академияи Бонки ҷаҳонӣ дар Истанбул баргузор гардид, иштирок намуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон.
Муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон дар панели 2-юми чорабинӣ доир ба хавфҳои ҷойдоштаи иқлим ва офатҳои табиӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастовардҳои миллӣ, афзалият ва ҳадафҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба коҳиш додани хавфи офатҳои табиӣ сухан намуда, чораҳои амалинамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин самт саривақтӣ номид.
«Барномаи омӯзишӣ барои роҳбарони сатҳи баланд оид ба масъалаҳои маблағгузорӣ ва суғуртакунии хавфҳо вобаста ба иқлим ва офатҳои табиӣ» буда, дар доираи он намояндагони 15 давлати минтақа ва ҷаҳон оид ба истифодаи механизмҳои муосири молиявӣ, хусусан маблағгузории офатҳои табиӣ (Disaster Risk Financing — DRF) табодули назар намуданд.
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон








Дар Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд дар Душанбе ҳайати бонуфуз аз Миср иштирок менамояд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1220 то 0.1242 сомонӣ муқаррар шудааст
Аз ноҳияи Дӯстӣ ба Федератсияи Русия маҳсулоти кишоварзӣ содирот мегардад
Кишоварзони ноҳияи Восеъ дар беш аз 7 ҳазор гектар пунбадона кишт менамоянд
Оид ба рақамикунонии минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар шароити кишварҳои Авруосиёӣ форуми байналмилалӣ доир мешавад
Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмуни «Топ-35- шарики боэтимоди сол» баргузор мегардад
Ҳайати Тоҷикистон дар маҷлиси машваратии давлатҳои электорати Хазинаи байналмилалии асъор иштирок намуд
«Shohin Airlines» 4 ҳавопаймои силсилаи «Airbus A320neo» мехарад
Ҳайати Тоҷикистон дар Вашингтон масъалаҳои молиявӣ ва иқтисодиро бо шарикони байналмилалӣ баррасӣ намуд
Дар Душанбе ҳамоиши намояндагони тиҷоратии давлатҳои БРИКС ва СҲШ баргузор гардид
Имконоти зеҳни сунъӣ ва гидроэнергияи «сабз»-и Тоҷикистон ба «Goldman Sachs» муаррифӣ карда шуд
Дар ноҳияи Роштқалъа дуюмин Парки технологӣ бунёд карда мешавад






