Дар Душанбе доир ба масъалаи равишҳои инноватсионӣ дар соҳаи тиб ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 26.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. 25 апрел дар шаҳри Душанбе ҳамоиши XX илмӣ-амалии олимони ҷавон ва донишҷӯён таҳти унвони «Технологияҳои зеҳнӣ дар таҳсилот ва илми тиб: Равишҳои инноватсионӣ» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино иттилоъ доданд.
Ҳадафи баргузории ҳамоиш истифодаи васеи имконияти зеҳни сунъӣ ва истифодаи технология дар соҳаи тиб мебошад. Зеро технологияҳои имрӯза дар таҳсилоти муосир нақши муҳим мебозанд. Онҳо имкон медиҳанд, ки сифати таълим ва тадқиқоти илмӣ беҳтар гардад.
Ректори донишгоҳ, профессор Нуриддин Муҳиддин иброз намуд, ки «инноватсия ба мо имкон медиҳад дар рушди ҷомеа саҳм гузорем. Дар ҷаҳони муосир, ки босуръат тағйир ёфта, рушд мекунад, навоварӣ қисми ҷудонашавандаи ҳаёти мо гаштааст. Аз ин рӯ инноватсия амалӣ намудани идеяҳо, технологияҳо ва равандҳои нав мебошад, ки дар соҳаҳои гуногуни фаъолияти мо пешрафт ва такмили бештар ба миён меорад».
Дар ҷараёни ҳамоиш гуфта шуд, ки рушди соҳаи тиб низ ба технологияи имрӯза алоқаманд мебошад. Маҳз навовариҳо метавонанд ҷанбаҳои гуногуни мавҷудияти ҳаррӯзаи моро тағйиру такмил диҳанд. Масалан, дар тиб навоварӣ имкон медиҳад, ки тарзи омода намудани доруҳо, табобат ва технологияҳои нави тиббӣ таҳия карда шавад ва ташхису табобати бемориҳои гуногун самараноку дақиқ гардад.
АКС: Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино








Дар панҷ ноҳияи вилояти Хатлон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Вахш кишти пунбадона идома дорад
Дар Москва ҷаласаи Шурои соҳибкории Русияву Тоҷикистон баргузор гардид
Корҳои омодагӣ барои баргузории Конфронси 35-уми минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ (ФАО) барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ идома доранд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд дар самти рақамикунонии иқтисод ва татбиқи зеҳни сунъӣ густариш медиҳад
Дар Душанбе оид ба баргузории Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ нишасти матбуотӣ доир шуд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар Муъминобод форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ баргузор мегардад
Дар мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» тадбирҳои беҳдошти ҳолати гидрологӣ амалӣ гардиданд
Дар Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд дар Душанбе ҳайати бонуфуз аз Миср иштирок менамояд
Аз ноҳияи Дӯстӣ ба Федератсияи Русия маҳсулоти кишоварзӣ содирот мегардад
Кишоварзони ноҳияи Восеъ дар беш аз 7 ҳазор гектар пунбадона кишт менамоянд
Оид ба рақамикунонии минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар шароити кишварҳои Авруосиёӣ форуми байналмилалӣ доир мешавад






