Дар Ҳисор маҳфил-озмуни «Шоҳнома Ватан аст!» оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 24.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. 23 апрел дар шаҳри Ҳисор байни хонандагони синфҳои 2 ва 11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва донишҷӯёни коллеҷу литсейҳои шаҳр таҳти унвони «Шоҳнома Ватан аст!» даври якуми маҳфил – озмуни «Шоҳномахонӣ» оғоз гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор хабар доданд.
Маҳфил – озмуни «Шоҳномахонӣ» бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор дар ҳамкорӣ бо намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» бахшида ба Рӯзи ваҳдати миллӣ ташкил шуда, аз рӯи номинатсияҳои «Байтбарак», «Беҳтарин донандаи Шоҳнома» ва «Шоҳномахони беҳтарин» гузаронида мешавад.
Даври якуми озмун то нимаи моҳи май идома ёфта, ғолибони даври якум ба даври дуюм, ки 10-11 июн баргузор мешавад, пешниҳод мегарданд.
Ҳайати комиссия аз ҳисоби мутахассисони варзидаи соҳаи адабиёт, таърих, фарҳанг, намояндагони шуъбаи маорифи шаҳр, директорони муассисаҳои таълимӣ ва намояндагони Китобхонаи марказӣ ва Осорхонаи таърихии кишваршиносии шаҳри Ҳисор таъсис шудааст.
Дар озмун аз ҷониби ҳакамон ба ҳозирҷавобии иштирокчиён баҳогузорӣ шуда, инчунин барои беҳтар муайян намудани дониши иштирокчиён аз асарҳои гаронарзиши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саволҳо пешниҳод мегарданд.
Ҳадафи маҳфил-озмун амалишавии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон», таблиғи идеяҳои ифтихори миллӣ ва ватанпарастии ҷавонон, дастгириву ҳавасмандгардонии ҷавонон барои андӯхтани илму дониш, ҳифзи ҳувияти миллӣ, арзишҳои волои миллати куҳанбунёди тоҷик, баланд бардоштани сатҳи маънавии ҷавонон, бедор намудани ҳисси худшиносии миллӣ, таблиғи дастовардҳои миллӣ, мустаҳкам намудани пояҳои Истиқлоли давлатӣ, ваҳдати миллӣ, пешгирии гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва ғайра мебошад.
Бояд гуфт, ки иқдоми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба интишор ва ба ҳамаи оилаҳо тақсим намудани асари оламшумули ҳаким Абдулқосим Фирдавсӣ «Шоҳнома» қадами навбатӣ дар роҳи худшиносии миллӣ арзёбӣ мегардад. Ҳарчанд «Шоҳнома» то ин замон низ дар байни мардуми фарҳангсолори тоҷик зиндаву ҷовид буд, вале ба ҳар хонадон тақдим гардидани он аз ҷониби Роҳбари давлат қабл аз ҳама ҳисси ватандӯстии мардумро зиёд мегардонад.
АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор








Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавӣ ифтитоҳ ёфт
Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст






