ҶОМИ ОСИЁ-2025. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар даври чорякниҳоӣ бо дастаи Кореяи Ҷанубӣ рақобат менамояд

Апрель 14, 2025 10:43

ДУШАНБЕ, 14.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё-2025 бо тими Кореяи Ҷанубӣ рақобат менамояд.

 Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, ин бозӣ имрӯз, 14 апрел дар варзишгоҳи «Шоҳзода Абдуллоҳ Ал-Файсал Спортс Сити»-и шаҳри Ҷидда баргузор шуда, соати 20:15 ба вақти маҳаллӣ (соати 22:15 ба вақти Душанбе) оғоз мешавад.

Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон оид ба футбол ният дорад, ки марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2025-ро муваффақона анҷом дода, роҳхати Ҷоми ҷаҳон-2025-ро, ки моҳи ноябр дар Қатар баргузор мешавад, ба даст орад.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Апрель 14, 2025 10:43

Хабарҳои дигари ин бахш

DUSHANBE GRAND SLAM 2026: ҷудокорони Тоҷикистон 4 медал ба даст оварданд
DUSHANBE GRAND SLAM 2026. Дар рӯзи охирини мусобиқа ҷудочиён аз рӯйи 5 вазн қувва меозмоянд
Роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон дар Конгресси 76-уми ФИФА дар Канада иштирок намуд
DUSHANBE GRAND SLAM 2026. Имрӯз ҷудочиён аз рӯи 4 вазн қувва меозмоянд
Сармураббии нави дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол таъйин гардид
WORLD JUDO MASTERS 2026. Ситораҳои ҷудои ҷаҳон ба Душанбе меоянд
DUSHANBE GRAND SLAM 2026. Имрӯз ҷудочиён аз рӯи 5 вазн қувва меозмоянд
Роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон дар Конгресси КФО дар Ванкувер иштирок намуд
DUSHANBE GRAND SLAM 2026: имрӯз қуръакашии мусобиқа баргузор мегардад
Дастпарварони Клуби марказии варзишии «Артиш» дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби 11 медал шуданд
Варзишгарони навраси Ёвон дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба футбол соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дар Тоҷикистон Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор мегардад