ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 апрел, ҷумъа, 101-умин рӯзи соли 2025 аст

Апрель 11, 2025 08:00

11 апрели соли 2011 Тоҷикистон ва Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамгироӣ дар самти рушд ва ислоҳоти милитсияро ба имзо расониданд.

***

Дар ин рӯзи  соли 2013 дар Белгия масоили ҳамкории Тоҷикистон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуда,  Форуми «Имконоти нави сармоягузорӣ дар соҳаи энергетикаи Тоҷикистон» баргузор  гардид.

***

11 апрели соли 2017 дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид, Роҳбари нави Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид хонум Пратибҳа Меҳтаро ба ҳузур пазируфтанд.

***

11 апрели соли 2017  дар Қасри миллат  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 5 сафири нави кишварҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон  эътимоднома қабул намуданд.

***

11 апрели соли 2017 бори нахуст баъд аз 26 соли таваққуф ҳавопаймои «Airbus A320», мутааллиқ ба ширкати ҳавонавардии Узбекистон «Ozbekiston havo yollari» бо 29 мусофир дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе фуруд омад.

***

Дар ин рӯзи соли 2019 дастаи мунтахаби то 15-солаи Тоҷикистон оид ба футбол соҳиби Ҷоми «Роҳи абрешим-Ҳуа-Шан-2019» гардид.

***

11 апрели соли 2019  Қарори Раиси шаҳри Душанбе дар бораи баргузор намудани Ниммарафони X  байналмилалии Душанбе ба муносибати Рӯзи пойтахт тасдиқ гардид.

***

11 апрели соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди анҷоми сафари корӣ аз вилояти Суғд ба шаҳри Душанбе баргаштанд.

***

11 апрели соли 2022 Тоҷикистон ба Федератсияи байналмилалии киберварзиш дохил гардид.

***

11 апрели соли 2023 дар Душанбе доир ба принсипҳои асосии муносибатҳо байни Чин ва Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид.

***

11 апрели соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд Маҷмааи таърихиву фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд»-ро  баъди эҳё ва барқарорсозӣ мавриди истифода қарор доданд.

***

11 апрели соли 2024 Сарвари далат дар маҷмааи фарҳангиву таърихии «Қалъаи Хуҷанд» дар чорабинии фарҳангӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

11 АПРЕЛ:

Рӯзи ҷаҳонии озоднамоии маҳбусони лагерҳои фашистӣ.

***

Рӯзи ҷаҳонии мубориза бар зидди бемории Паркинсон.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Махфират Ҳамроқулова-соли 1955- овозхони эстрадаи тоҷик, сарояндаи дастаи эстрадии «Гулшан»,  Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон

Апрель 11, 2025 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 ноябр, панҷшанбе, 324-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 ноябр, чоршанбе, 323-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 ноябр, сешанбе, 322-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 ноябр, душанбе, 321-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 ноябр, якшанбе, 320-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 ноябр, шанбе, 319-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 ноябр, ҷумъа, 318-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 ноябр, панҷшанбе, 317-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 ноябр, чоршанбе, 316-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 ноябр, сешанбе, 315-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 ноябр, душанбе, 314-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 ноябр, якшанбе, 313-умин рӯзи соли 2025 аст