Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Сочӣ аз маҷмааи таълимии «Сириус» дидан намуданд
ДУШАНБЕ, 29.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Сочӣ аз маҷмааи таълимии «Сириус», ки аз биноҳои таълимии равияҳои фанҳои дақиқ, гуманитарӣ, санаъти мусиқӣ ва ғайраҳо иборат мебошад, дидан намуданд.