Дар бинои 11-ошёнаи истиқоматии хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе сӯхтор ба амал омад
ДУШАНБЕ, 16.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз, 15 декабр, соати 15:43, дар бинои 11-ошёнаи истиқоматии хиёбони Рӯдакӣ, № 55/1-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе сӯхтор ба амал омад. Мутаассифона, то ба ҷойи ҳодиса расидани оташнишонон аз таъсири дуди ғализ иҷоранишини бинои мазкур Гугинева Натела Хурамовнаи 39-сола, миллаташ гурҷӣ, шаҳрванди вилояти Чимкенти Ҷумҳурии Қазоқистон ба ҳалокат расидааст.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, бо қабули хабар кормандони Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон фавран ба ҷойи ҳодиса бо 6 адад нақлиёти асосиву махсус сафарбар карда шуданд. Ҳангоми ба маҳалли ҳодиса расидани кормандони оташнишонӣ шахтаи барқии бинои истиқоматиро дар долонҳои бинои мазкур, аз ошёнаи 8-ум то 11-ум оташ фаро гирифта, дуди ғализи бошиддат паҳншавандаи он сокинони биноро ба таҳлуқа оварда буд.
Дар натиҷаи гузаронидани амалиёти саривақтӣ аз ҷониби кормандони Хадамоти давлатии оташнишонӣ ва дуруст сафарбар шудани қувваю воситаҳо имкон пайдо гардид, ки сӯхтор ба ҳуҷраҳои истиқоматӣ паҳн нагардида, зуд хомӯш карда шавад.
Тибқи иттилои манбаъ, зимни азназаргузаронии ҷойи ҳодиса коршиносони соҳа муайян намуданд, ки сабаби сӯхтор сарбории зиёд дар ноқилҳои барқӣ ва истифодаи аз меъёр зиёди неруи барқ аз тарафи сокинон будааст.








ҚОИДАҲОИ БЕХАТАРӢ АЗ СӮХТОРРО РИОЯ НАМОЕД! Дар Тоҷикистон беш аз 500 ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шудааст
Прокуратураи генералӣ оид ба иҷрои қонунгузории мамлакат беш аз 4,6 ҳазор санҷиш гузаронид
Дар Тоҷикистон беш аз 600 ҳолати машғул шудан ба ҷодугарӣ ва фолбинӣ ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон сатҳи содиршавии ҷиноят 10,3 фоиз коҳиш ёфтааст
Рамазон Раҳимзода: «Ҷавобгарӣ барои таваққуф дар қаторҳои дуюм ва сеюм пурзӯр карда мешавад»
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаш моҳи соли 2026 сатҳи ҷинояткорӣ байни ноболиғон ва ҷавонон зиёд шудааст
Раҷабалӣ Раҳмоналӣ: «Ҳодисаҳои ғарқшавӣ асосан бо сабаби риоя накардани қоидаҳои оббозӣ ба амал меоянд»
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Шумораи ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ дар Тоҷикистон 519 ҳолат афзоиш ёфтааст
Дар Тоҷикистон пешгирӣ аз истеъмоли моддаҳои психотропӣ тақвият дода мешавад
Давоми шаш моҳи соли 2026 дар Душанбе 47 ҳолати монеъ шудан ба таҳсилоти ҳатмии ноболиғон ошкор карда шуд
Дар Душанбе беш аз 90 ҳолати ба фолбинӣ машғул шудани шаҳрвандон ошкор гардид






