«Табобат» бо тилловорӣ. Дар Душанбе «табиби халқӣ»-и мардумфиреб дастгир шуд
ДУШАНБЕ, 09.12.19. /АМИТ «Ховар»/. Кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе дар натиҷаи пешбурди корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ як нафар занро бо ҷурми мардумфиребӣ дастгир намуданд. Дастгиршуда Ҷураева Наҷмия Додарбековнаи 37-сола, зодаи ноҳияи Ҷалолиддини Румии вилояти Хатлон буда, айни ҳол истиқоматкунандаи шаҳри Гулистони вилояти Суғд мебошад. Номбурда ба пойтахт омада, худро табиби халқӣ эълон карда, бо усули нав, яъне бо тилло гӯё ба дарди шаҳрвандон дармон мебахшидааст.
Тавре аз маркази матбуоти Раёсати мазкур ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни омӯзишу мавриди санҷиш қарор додани муроҷиатҳои шаҳрвандон ва пешбурди корҳои тафтишотӣ муайян шуд, ки номбурда худро ба шаҳрвандон табиби халқӣ муаррифӣ намуда, гӯё ба воситаи тилло бахткушо, сеҳру ҷоду, инчунин як қатор бемориҳои дигарро «табобат» мекардааст.
Масалан, ин «табиби халқӣ» бо мақсади он ки гӯё муносибатҳои як нафар зани 31-солаи сокини пойтахтро бо шавҳараш хуб мекунад, ба боварии ӯ даромада, як миқдор ҷавоҳироти арзишманди тиллоии ӯро дуохонӣ намуда, бо рӯймол дар миёнаш бастааст. Пас аз чанд лаҳза, гӯё бо мақсади маротибаи дуюм дуохонӣ намудан миёнбандашро кушода, ҷавоҳироти тиллоиро гирифта, дар ҷайбаш пинҳон кардааст. Бо ин роҳ ба ҷабрдида зиёда аз 105 ҳазор сомонӣ зарар расонидааст.
Ҳамин тариқ, номбурда дар айни замон барои содир намудани 9 ҳолати ҷинояти қаллобӣ гумонбар дониста шуда, бо ин роҳ ба шаҳрвандон 66 ҳазор доллари амрикоӣ ва 215 ҳазору 550 сомонӣ зарари моддӣ ба миқдори махсусан калон расонидааст.
Айни замон нисбат ба гумонбаршаванда Ҷураева Наҷмия Додарбековна тибқи талаботи моддаи 247-и (Қаллобӣ) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, номбурда дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.
Кормандони милисаи пойтахт аз он изҳори нигаронӣ намуданд, ки пайваста аз фиребу макр ва амалҳои мардумфиребонаи нафарони сеҳргару ҷодугар ва ба ном «табибони халқӣ» гузоришҳо нашр мегарданду баъзе сокинон аз он сабақи зарурӣ намегиранд. Мутаассифона, боз ҳам дар ҷомеа нафароне ёфт мешаванд, ки роҳҳои «нав» кашф намуда, ба чунин амалҳои номатлуб даст мезананд ва бо мақсади ба даст овардани даромади муфт шаҳрвандони зудбоварро ба доми худ меафтонанд.








ҚОИДАҲОИ БЕХАТАРӢ АЗ СӮХТОРРО РИОЯ НАМОЕД! Дар Тоҷикистон беш аз 500 ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шудааст
Прокуратураи генералӣ оид ба иҷрои қонунгузории мамлакат беш аз 4,6 ҳазор санҷиш гузаронид
Дар Тоҷикистон беш аз 600 ҳолати машғул шудан ба ҷодугарӣ ва фолбинӣ ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон сатҳи содиршавии ҷиноят 10,3 фоиз коҳиш ёфтааст
Рамазон Раҳимзода: «Ҷавобгарӣ барои таваққуф дар қаторҳои дуюм ва сеюм пурзӯр карда мешавад»
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаш моҳи соли 2026 сатҳи ҷинояткорӣ байни ноболиғон ва ҷавонон зиёд шудааст
Раҷабалӣ Раҳмоналӣ: «Ҳодисаҳои ғарқшавӣ асосан бо сабаби риоя накардани қоидаҳои оббозӣ ба амал меоянд»
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Шумораи ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ дар Тоҷикистон 519 ҳолат афзоиш ёфтааст
Дар Тоҷикистон пешгирӣ аз истеъмоли моддаҳои психотропӣ тақвият дода мешавад
Давоми шаш моҳи соли 2026 дар Душанбе 47 ҳолати монеъ шудан ба таҳсилоти ҳатмии ноболиғон ошкор карда шуд
Дар Душанбе беш аз 90 ҳолати ба фолбинӣ машғул шудани шаҳрвандон ошкор гардид






