Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо масъалаи мубориза ба муқобили хатару таҳдидҳои ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 11.12.2019. /АМИТ «Ховар»/. «Мубориза ба муқобили хатару таҳдидҳои ҷаҳонӣ — терроризм ва ифротгароӣ»-таҳти чунин унвон дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомад доир гардид.
Дар ҷамъомад муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Тоҷиддин Ҷӯразода ва намояндаи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳомидҷон Маҷидов ширкат варзида, дар мавзӯи мубориза ба муқобили хатару таҳдидҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла терроризм ва ифротгароӣ сухан карданд.
Зикр гардид, ки тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид менамоянд: «Экстремизм ва терроризм аз ҷумлаи хатарҳои торафт вусъатёбандаи ҷаҳони муосир буда, мубориза бар зидди онҳо ҳамеша дар сархати вазифаҳои муҳимтарини мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ қарор дорад».
Зимни ҳамоиш инчунин оид ба сабабҳои шомилшавии шаҳрвандони ноогоҳи мамлакат ба созмону ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ва пешгирӣ намудани пайравии ҷавонон аз чунин созмонҳо мубодилаи афкор сурат гирифт. Аз иштирокчиён, хусусан ҷавонон даъват ба амал оварда шуд, ки дар ин роҳ зиракии сиёсиро аз даст надода, бо рафтору кирдори худ намунаи ибрат бошанд.








ҚОИДАҲОИ БЕХАТАРӢ АЗ СӮХТОРРО РИОЯ НАМОЕД! Дар Тоҷикистон беш аз 500 ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шудааст
Прокуратураи генералӣ оид ба иҷрои қонунгузории мамлакат беш аз 4,6 ҳазор санҷиш гузаронид
Дар Тоҷикистон беш аз 600 ҳолати машғул шудан ба ҷодугарӣ ва фолбинӣ ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон сатҳи содиршавии ҷиноят 10,3 фоиз коҳиш ёфтааст
Рамазон Раҳимзода: «Ҷавобгарӣ барои таваққуф дар қаторҳои дуюм ва сеюм пурзӯр карда мешавад»
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаш моҳи соли 2026 сатҳи ҷинояткорӣ байни ноболиғон ва ҷавонон зиёд шудааст
Раҷабалӣ Раҳмоналӣ: «Ҳодисаҳои ғарқшавӣ асосан бо сабаби риоя накардани қоидаҳои оббозӣ ба амал меоянд»
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Шумораи ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ дар Тоҷикистон 519 ҳолат афзоиш ёфтааст
Дар Тоҷикистон пешгирӣ аз истеъмоли моддаҳои психотропӣ тақвият дода мешавад
Давоми шаш моҳи соли 2026 дар Душанбе 47 ҳолати монеъ шудан ба таҳсилоти ҳатмии ноболиғон ошкор карда шуд
Дар Душанбе беш аз 90 ҳолати ба фолбинӣ машғул шудани шаҳрвандон ошкор гардид






