Дар Франсия либосҳои занонаи миллии тоҷикӣ таблиғ мешаванд

Февраль 17, 2020 13:00

ДУШАНБЕ, 17.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар Франсия либосҳои занонаи миллии тоҷикӣ таблиғ ва ташвиқ мегарданд. Ин матлаб   зимни мулоқоти ректори Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Ҷамшед Ғанизода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Франсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  хонум Ясмин Гуедар баён гардид. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни мулоқот пешниҳод гардид, ки номгӯи либосҳои занонаи миллии тоҷикӣ ташвиқ гардида, ба ин восита бонувони Франсия ба либоси занонаи тоҷикон дастрасӣ пайдо намоянд.

Хонум Ясмин Гуедар бо боварӣ иброз намуд, ки аз ҷониби бонувони Франсия либоси занонаи мардуми тоҷик хуб истиқбол гирифта мешавад.

Бино ба иттилои манбаъ, ояндаи наздик Ясмин Гуедар тасмим гирифтааст, ки дар мавзӯи мӯди либос барои омӯзгорон ва донишҷӯён тренинг ташкил намояд.

Зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ байни Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ва донишкадаҳои санъати тасвирӣ ва дизайни Франсия, ҳамчунин мубодилаи донишҷӯёни ду давлат муҳокима гардид. Сафири Франсия аз робитаҳои дуҷониба ва ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Франсия изҳори қаноатмандӣ намуд.

Сипас аз ҷониби Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Франсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба донишкадаи мазкур якчанд китобҳои  дизайнерӣ ва таълимӣ туҳфа гардиданд.

Февраль 17, 2020 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон «Барномаи рушди китобхонаҳои деҳот барои солҳои 2027–2031» амалӣ мешавад
Дар Осорхонаи миллӣ бахшида ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда ҳамоиш баргузор гардид
Дар Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон намоишномаи «Бобоҷон Ғафуров» нахустин маротиба пешниҳод гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар Фестивал-озмуни байналмилалии «Viva Astana» сазовори «Шоҳҷоиза» гардид
Аз 9 то 30 июн экспедитсияи муштараки бостоншиносии Тоҷикистон ва Фаронса гузаронида шуд
Адрасбоф Гулбону Наврӯзова: «Ҳадафи мо эҳёи ҳунарҳои миллӣ ва бо ҷойи кор таъмин намудани занону духтарон аст»
ПАЙВАНДИ ИНСОН БО ТАБИАТ ДАР «ШОҲНОМА»-И ФИРДАВСӢ. Мулоҳизаҳои Академик Фарҳод Раҳимӣ дар ин мавзуъ
Акбар Эронӣ: «Ибтикори Президенти Тоҷикистон оид ба таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Ибни Сино иқдоми мондагор ва ояндасоз аст»
Туҳфаи Пешвои миллат — маҷмуи тӯбҳои расмии ҷомҳои ҷаҳонии FIFA ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон тақдим гардид
БЕҲТАРИН КИТОБХОН. Таҳти ин унвон озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад
Иштирокчиёни Форуми XI байналмилалии «Кӯдакони Иттиҳод» Қалъаи бостонии Ҳисорро тамошо намуданд
ШОМИ ВАҲДАТУ ҲАМДИЛӢ. Дар Осорхона-мамнуъгоҳи ҷумҳуриявии Данғара ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор шуд