ПРЕЗИДЕНТИ ИНГУШИСТОН АЗ ШИФОХОНА ҶАВОБ ШУД
Маскав, 11 август. (АМИТ «Ховар» — РБК. ру.). — Президенти Ҷумҳурии Ингушистон Юнусбек Евкуров, ки дар натиҷаи амали террористӣ охири моҳи июн маҷрӯҳ шуда буд, 10 август аз шифохонаи Пажӯҳишгоҳи ҷарроҳии ба номи Вишневскии шаҳри Маскав ҷавоб дода шуд.