Ба саҳифаи асосӣ

Фотогалереяҳо

НАМОИШИ КИТОБ БА ШАРАФИ ИДИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ӮЗБЕКИСТОН

🕔15:58, 28.Авг 2009

                  Душанбе, 28 август. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). — Имрӯз дар Китобхонаи миллии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ ба муносибати 18 — солагии иди истиқлолияти Ӯзбекистон ва 2200 солагии пойтахти он — шаҳри Тошканд намоишгоҳи калони китоб кушода шуд. Дар он

Матни пурра

ҶАМЪОВАРИИ ҒАЛЛА ДАВОМ ДОРАД

🕔15:34, 28.Авг 2009

                Хуҷанд, 28 август. (АМИТ «Ховар», Санавбар Мақсудова). — Дар вилояти Суғд то 28 август 128 ҳазору 293 тонна ғалла ҷамъ оварда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,8 фоиз зиёд мебошад. Муовини аввали сардори раёсати кишоварзии вилоят

Матни пурра

ТАҲСИЛ ДАР СИНГАПУР

🕔15:04, 28.Авг 2009

                    Душанбе, 28 август. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — 29 нафар намояндаи 8 мамлакати иштирокдори барномаи ҳамкории иқтисодии минтақавии мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар Сингапур курси кӯтоҳмуддати такмили маҳорати роҳбариро хатм намуд. Дар ин курсҳо намояндагони Афғонистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон,

Матни пурра

НАМОЯНДАГОНИ САҲА ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД

🕔15:02, 28.Авг 2009

                     Душанбе, 28 август. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). — Намояндагони Созмони амнияту ҳамкории Аврупо — мушовирони масъалаҳои иқтисодию экологии созмон Андрей Мунтян ва Бес Браун 27 августи соли равон бо фаъолияти Минтақаи озоди иқтисодии вилояти Суғд шинос гардиданд.                     Меҳмонон корхонаҳои

Матни пурра

ҲАФРИЁТИ ҚАЛЪАИ КОФАРНИҲОН ДАВОМ ДОДА МЕШАВАД

🕔15:00, 28.Авг 2009

             Душанбе, 28 август. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). — Бостоншиносони Осорхонаи ёдгориҳои атиқаи Академияи илмҳои ҷумҳурӣ ҳафриёти қалъаи Кофарниҳонро давом медиҳанд.             Олимон соли гузашта дар ин ҷо бозёфтҳои муҳим ба даст оварда буданд. Аз ҷумла, зимни ҳафриёти шаҳристони қадимаи қалъаи

Матни пурра

НАХУСТНАМОИШИ ОПЕРАИ «АИДА»

🕔14:49, 28.Авг 2009

                     Душанбе, 28 август (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- 29 август ва 1 сентябр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ нахустнамоиши операи Ҷузеппе Верди бо номи «Аида» иборат аз чор намоиш баргузор мегардад.                      Намоишномаро ҳунарпешагони

Матни пурра

КОРОМӮЗИИ РӮЗНОМАНИГОРОН ДАР КӮЛОБ

🕔14:30, 28.Авг 2009

                Кӯлоб, 28 август. (АМИТ "Ховар", Сулаймон Холов).-Беш аз 15 нафар ҷавонон дар шаҳри Кӯлоб тибқи "Лоиҳаи коромӯзӣ оид ба журналистикаи шаҳрвандӣ" аз вижагиҳои касби рӯзноманигорӣ огаҳ шуданд. Ин лоиҳа аз ҷониби нашрияи маҳаллии ҷавонон мавсум ба "Пажвок" амалӣ шудааст.

Матни пурра

ОҒОЗИ МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ

🕔14:29, 28.Авг 2009

                     Душанбе, 28 август. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- аз 1-уми сентябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маъракаи пахтачинӣ сар мешавад. Маъракаи пахтачиниро вилояти Хатлон оғоз карда, баъдан вилояти Суғд ва 5 ноҳияи тобеъи ҷумҳурӣ-Турсунзода, Шаҳринав, Ҳисор, Рӯдакӣ ва Ваҳдат идома медиҳанд.                     Айни

Матни пурра

КАФЕДРАИ НАВ ДАР ДОНИШГОҲИ СОҲИБКОРӢ ВА ХИЗМАТ

🕔14:25, 28.Авг 2009

                    Душанбе, 28 август. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Аз соли таҳсили 2009-2010 дар Донишгоҳи соҳибкорӣ ва хизмат кафедраи нави идораи давлатӣ ва маҳаллӣ кушода мешавад. Кафедраи мазкур бо дастгирии Фонди Сорос кушода хоҳад шуд. Мудири кафедра доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор

Матни пурра

ОЛИ САЪД: «ҲАДАФ ҶАЛБИ ШАҲРВАНДОНИ ҶТ БАРОИ КОР ДАР ДОХИЛИ КИШВАР АСТ»

🕔14:09, 28.Авг 2009

                  Душанбе, 28 август. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 27 август бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маросими шиносонӣ бо лоиҳаи сохтмони як силсила биноҳои замонавӣ, ки дар соҳили ҷанубии кӯли Ҷавонони пойтахт бунёд хоҳанд ёфт, доир гардид.                 

Матни пурра

РАИСИ БОНК БА ДУЗДИИ МАБЛАҒИ КАЛОН ГУНАҲКОР КАРДА МЕШАВАД

🕔11:51, 28.Авг 2009

                 Остона, 28 август. (АМИТ «Ховар» — Вести. Ӯз). — Намояндаи Агентии мубориза ба муқобили ҷиноятҳои иқтисодӣ ва ришвахӯрии Қазоқистон Мурод Ҷумонбой хабар дод, ки раиси собиқи яке аз бонкҳои калонтарини мамлакат — «Алянсбонк» Ҷомарт Ертаев ба дуздидани 1,1 миллиард

Матни пурра

МАВҚЕИ ТОҶИКИСТОН ДАР РӮЙХАТИ ФОРУМИ ҶАҲОНИИ ИҚТИСОД&#1250

🕔11:30, 28.Авг 2009

                     Душанбе, 28 август. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ рӯйхати нави худро дар бораи вазъияти ҳамлу нақли мол ба воситаи сарҳади мамлакатҳои ҷаҳон нашр намуд. Тоҷикистон дар рӯйхати мазкур дар байни 121 мамлакати ҷаҳон ҷои 114 —

Матни пурра

ҚАРЗДИҲИИ ХУРД ВА КОҲИШИ САТҲИ КАМБИЗОАТӢ

🕔10:38, 28.Авг 2009

                 Душанбе, 28 август. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- — Бо мусоидати Дафтари минтақавии Барномаи Рушди СММ дар як қатор ноҳияҳои вилояти Хатлон 3 фонди қарздиҳии хурд таъсис дода шудааст, — гуфт сарвари Дафтари минтакавии Барномаи Рушди СММ дар ноҳияи Шаҳритус

Матни пурра

ТОҶИКИСТОН ТО СОЛИ 2020 АЗ МИНАҲО ТОЗА ХОҲАД ШУД

🕔10:37, 28.Авг 2009

                 Душанбе, 28 август. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти сарвари Маркази Тоҷикистон оид ба масъалаи минаҳо Ҷонмаҳмад Раҷабов, то соли 2009 баҳри безарарсозии заминҳои минакоришудаи ҳудуди кишвар корҳои зиёде анҷом дода шуданд.                 Боис ба ёдоварист, ки аз соли

Матни пурра

ОЁ ЗИМИСТОН БЕ БАРҚ НАМЕМОНЕМ?

🕔10:28, 28.Авг 2009

                 Душанбе, 28 август. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).-Тибқи шартномае, ки дар даҳҳаи моҳи августи соли ҷорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ваҶумҳурии Ӯзбекистон ба имзо расидааст, ҳар рӯз аз ҷумҳурии Тоҷикистон ба давлати ҳамсоя — Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 20 то 23 млн.

Матни пурра

КИТОБИ НАВ ДАР БОРАИ ИМОМИ АЪЗАМ

🕔10:19, 28.Авг 2009

                     Душанбе, 28 август. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Ба ифтихори Соли бузургдошти Имоми Аъзам дар Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Тоҷиксодиротбонк» таҳти унвони «Шахсяти Имоми Аъзам ва осори ӯ дар рушди ҷомеа» ҷамъомад баргузор гардид.                     Дар маҳфил устодони Донишкадаи исломии

Матни пурра

СӮИҚАСД БАРОР НАГИРИФТ

🕔10:17, 28.Авг 2009

                      Арриёз, 28 август. (АМИТ «Ховар» — Лента.ру). — Агентии иттилоотии Ассошиэйтед Пресс хабар медиҳад, ки чанд рӯз пеш дар ин ҷо ба ҷони валиаҳди Арабистони Саудӣ Муҳаммад бини Найёф сӯиқасд карда шуд.                      Як нафар террористи фидоӣ номи худро

Матни пурра

ДАР ТОТОРИСТОН ГУРӮХИ МУТАШАККИЛИ ҶИНОЯТКОР БАРҲАМ ДОДА ШУД

🕔10:16, 28.Авг 2009

                    Маскав, 28 август. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). — Кормандони Раёсати хадамоти федералии назорати маводи нашъадори Русия дар Ҷумҳурии Тотористон чанд рӯз пеш фаъолияти гурӯҳи муташаккили ҷинояткорро қатъ намуданд, ки ба интиқол ва фурӯши маводи нашъадори Афғонистон дар Тотористон машғул

Матни пурра

ЭНЕРГЕТИКАИ ТОҶИКИСТОН БОЯД ЧӢ ГУНА ИДОРА КАРДА ШАВАД?

🕔09:41, 28.Авг 2009

                   Душанбе, 28август. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — Имрӯз дар Душанбе оид ба муҳокимаи натиҷаҳои тадқиқи идоракунии бахши энергетикии Тоҷикистон вохўрии кории байналмилалӣ баргузор мегардад.                    Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Институти «Ҷамъияти Кушода» — Бунёди Мадад дар Тоҷикистон хабар

Матни пурра

БЕҲТАРИНҲО БО КВОТАИ ПРЕЗИДЕНТӢ

🕔09:20, 28.Авг 2009

                Ҷиргатол, 28 август. (АМИТ «Ховар», Мирзо Ризвонов).- Соли равон тибқи квотаҳои Президенти мамлакат 23 нафар хатмкунандаҳои беҳтарини мактабҳои миёнаи таҳсилоти умумии ноҳияи Ҷиргатол ба донишгоҳҳои гуногуни ҷумҳурӣ дохил шуданд,- иброз дошт мудири шӯъбаи маорифи ноҳия Аъзам Аброров. Аз ҷумлаи

Матни пурра

МАВОДҲОИ ВИДЕОӢ

Август 2009
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
« Июл   Сен »
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31  

Шарикони мо


———————————————————

———————————————————-

———————————————————-