ОЗМОИШГОҲ ДАР БОЗОР
Турсунзода, 23 феврал. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).-Дар бозори марказии шаҳри Турсунзода озмоишгоҳ барои санҷиши сифати маҳсулоти хӯрокворӣ ба кор оғоз кард. Ин амали нек бо кӯшишу ҳамкориҳои раёсати «Тоҷикматлубот» ва Агентии «Тоҷикстандарт» созмон ёфт.