Дар шаҳри Кӯлоб мусобиқа оид ба шиноварӣ доир гардид
Кӯлоб, 15.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар рӯзҳои таҷлили 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ баргузор гардид. Дар он зиёда аз 100 нафар варзишгарон аз шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо ҳам рақобат карданд.