Дар Душанбе оид ба роҳҳои пешгирии саратони ғадудҳои ширӣ ҳамоиш доир гардид
ДУШАНБЕ, 08.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси ташкилоти ҷамъиятии «Авесто» дар толори Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон таҳти унвони «Пешгирии бемории саратони сина» ҳамоиш баргузор гардид. Дар ҳамоиш намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохторҳои давлатӣ ва ташкилотҳои