Ба саҳифаи асосӣ

Фотогалереяҳо

Сарвазирони Тоҷикистону Ӯзбекистон дар Фарғона мулоқот намуданд

Сарвазирони Тоҷикистону Ӯзбекистон дар Фарғона мулоқот намуданд

🕔18:44, 16.Июл 2018

ДУШАНБЕ, 16.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. 16 июли соли 2018 дар шаҳри Фарғона мулоқоти кории Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулло Орипов баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Матни пурра
Истеҳсоли неруи барқ дар Тоҷикистон зиёда аз 9 млрд кВт/соатро ташкил дод

Истеҳсоли неруи барқ дар Тоҷикистон зиёда аз 9 млрд кВт/соатро ташкил дод

🕔17:00, 16.Июл 2018

ДУШАНБЕ, 16.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ба иттилои Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода, дар шашмоҳаи якуми соли равон дар ҷумҳурӣ 9 млрд. 517,9 млн. кВт соат  неруи  барқ бо дарназардошти неругоҳҳои хурд истеҳсол гардид, ки ин нисбат ба

Матни пурра
Сигоркашӣ сабаби сӯхтори нуқтаи фурӯши пахта дар назди бозори «Корвон» гардид

Сигоркашӣ сабаби сӯхтори нуқтаи фурӯши пахта дар назди бозори «Корвон» гардид

🕔16:40, 16.Июл 2018

ДУШАНБЕ, 16.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. 14 июли соли 2018, соати 13:30 дар нуқтаи фурӯши пахта, ки дар назди бозори Корвон ҷойгир буда, ба соҳибкори инфиродӣ Хуршед Ҳалимов тааллуқ дорад, сӯхтор сар задааст. Сабаби сар задани сӯхтор сигоркашӣ ва беэҳтиётӣ унвон карда

Матни пурра
Иззатулло Сатторӣ, Вазири кишоварзӣ: «Нархи тарбуз баъди ба бозор ворид гардидани ҳосили дуюм арзон мешавад»

Иззатулло Сатторӣ, Вазири кишоварзӣ: «Нархи тарбуз баъди ба бозор ворид гардидани ҳосили дуюм арзон мешавад»

🕔16:30, 16.Июл 2018

ДУШАНБЕ, 16.07.2018. /АМИТ «Ховар»/. Сабаби болоравии нархи тарбуз дар бозорҳои кишвар ин аст, ки ҳосили якуми он аллакай ба итмом расидааст ва баъди ба бозор ворид гардидани ҳосили дуюм нархи он ба меъёри пешина бармегардад. Ин матлабро Вазири кишоварзии Ҷумҳурии

Матни пурра
Дар шаҳри Хуҷанд портали сармоягузорӣ фаъол мегардад

Дар шаҳри Хуҷанд портали сармоягузорӣ фаъол мегардад

🕔15:57, 16.Июл 2018

ХУҶАНД, 16.07.2018. /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд мақсад дорад, ки баҳри рушди соҳаи иқтисодиёт, инъикоси имконияту иқтидорҳои мавҷуда ва ба ин восита, ҷалби сармоя ва соҳибкорони хориҷиву дохилӣ ба иқтисодиёти шаҳр портали сармоягузории мақомоти шаҳрӣ ташкил намояд.

Матни пурра
Рамазон Раҳимзода ба нозирони минтақавӣ: «Бо одамон, махсусан шаҳрвандони хориҷӣ ва сайёҳон хушмуомила бошед!»

Рамазон Раҳимзода ба нозирони минтақавӣ: «Бо одамон, махсусан шаҳрвандони хориҷӣ ва сайёҳон хушмуомила бошед!»

🕔15:50, 16.Июл 2018

ДУШАНБЕ, 16.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Вазорати корҳои дохилӣ вобаста ба натиҷаҳои фаъолияти фаврӣ-хизматии мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шашмоҳаи аввали соли равон ва вазифаҳо барои шашмоҳаи дуюми соли равон бо иштироки Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода, аъзои мушовара,

Матни пурра
Лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» ба ҷамъиятҳои истифодабарандаи чарогоҳҳо 133 адад трактор дастрас намуд

Лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» ба ҷамъиятҳои истифодабарандаи чарогоҳҳо 133 адад трактор дастрас намуд

🕔15:32, 16.Июл 2018

ДУШАНБЕ, 16.07.2018 /АМИТ «Ховар»/.  Бо мақсади сари вақт анҷом додани кишту кор ва ҷамъоварӣ намудани ҳосили зироати хӯроки чорво Муассисаи давлатии «Маркази идораи Лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» дар асоси дархост ба ҷамъиятҳои истифодабарандаи чарогоҳҳо 8 адад комбайни ғалладаравӣ, 133

Матни пурра
Паҳлавонони шинохтаи тоҷик дар мусобиқот барои Ҷоми Осиё 3 медал ба даст оварданд

Паҳлавонони шинохтаи тоҷик дар мусобиқот барои Ҷоми Осиё 3 медал ба даст оварданд

🕔14:30, 16.Июл 2018

ДУШАНБЕ, 16.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба дзюдо миёни наврасон ва ҷавонон дар Ҷоми Осиё сазовори 3 медал гардид.  Тавре котиби генералии Федератсияи дзюдои Тоҷикистон Шамсия Саидова ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, аз 13 то 15 июл

Матни пурра
Фурӯши телефонҳои мобилӣ дар асоси сертификати мутобиқати Хадамоти алоқаи ҷумҳурӣ роҳандозӣ мегардад

Фурӯши телефонҳои мобилӣ дар асоси сертификати мутобиқати Хадамоти алоқаи ҷумҳурӣ роҳандозӣ мегардад

🕔14:00, 16.Июл 2018

ДУШАНБЕ, 16.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Минбаъд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фурӯши телефонҳои мобилӣ дар асоси сертификати  мутобиқат сурат мегирад. Муовини сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон Адолат Абдураҳмонзода бо дахл ба масъалаи мазкур 16 июл дар ҷараёни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон

Матни пурра
ЭҲДО БА ҶАШНИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Дар шаҳри Роғун 4 коргоҳи ҳунармандӣ ва муассисаи таълимӣ бунёд мегарданд

ЭҲДО БА ҶАШНИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Дар шаҳри Роғун 4 коргоҳи ҳунармандӣ ва муассисаи таълимӣ бунёд мегарданд

🕔13:34, 16.Июл 2018

РОҒУН, 16.07.2018. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Роғун 13 нуқтаи фурӯши ҳунарҳои мардумӣ  ташкил гардид. Барои зебою дилрабо гардидани маркази шаҳр гӯшаю овезаҳои тарғиботӣ

Матни пурра
«ҲАР ЯКИ МО – ТАВОНО!». Дар Душанбе Маъракаи миллӣ оид ба фарогирии масоили маъюбият баргузор мегардад

«ҲАР ЯКИ МО – ТАВОНО!». Дар Душанбе Маъракаи миллӣ оид ба фарогирии масоили маъюбият баргузор мегардад

🕔11:00, 16.Июл 2018

ДУШАНБЕ, 16.07.2018 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз дар шаҳри Душанбе  бо ибтикори  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилоти байналмилалии ЮНИСЕФ ва шарикон аз ҷомеаи шаҳрвандӣ  Маъракаи миллӣ оид ба фарогирии масоили маъюбият таҳти шиори «Ҳар яки мо – тавоно!» баргузор мегардад. Бояд гуфт, ки

Матни пурра
САЁҲАТ БО ҲАВОПАЙМОҲОИ  ИСТЕҲСОЛИ ТОҶИКИСТОН.  Дар Суғд корҳои эҷодиву навоварии наврасону ҷавонон вусъат меёбанд

САЁҲАТ БО ҲАВОПАЙМОҲОИ ИСТЕҲСОЛИ ТОҶИКИСТОН. Дар Суғд корҳои эҷодиву навоварии наврасону ҷавонон вусъат меёбанд

🕔10:45, 16.Июл 2018

ДУШАНБЕ, 16.07.2018 /АМИТ «Ховар»/.  Шогирдони бахши авиамодели Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд Абдулатиф Ҳакимов, Дилшод Назаров ва Ҷамшед Назиров ҳамроҳ бо устодашон  Ҷалол Раҳимов ангораи ҳавопаймои   тамғаи  ДБАА ЧД-01 «Сомон»-ро муаррифӣ намуданд. Чанде пеш ҳайати мутахассисони Муассисаи давлатии «Маркази миллии

Матни пурра
Лука Модрич сазовори «Тӯби тиллоӣ»-и Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол-2018 гардид

Лука Модрич сазовори «Тӯби тиллоӣ»-и Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол-2018 гардид

🕔10:39, 16.Июл 2018

ДУШАНБЕ, 16.07.2018. /АМИТ «Ховар»/. Ниммуҳофизатгари дастаи мунтахаби Хорватия Лука Модрич беҳтарин бозигари Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол — 2018 дар Россия гардид. «Тӯби тиллоӣ»-и Чемпионати ҷаҳон пас аз анҷоми бозии финалӣ дар варзишгоҳи «Лужники»-и Москва ба футболбози хорватӣ тақдим карда

Матни пурра
Дар Душанбе омодагиҳо ба маъракаи барӯйхатгирии аҳолӣ идома доранд

Дар Душанбе омодагиҳо ба маъракаи барӯйхатгирии аҳолӣ идома доранд

🕔10:28, 16.Июл 2018

ДУШАНБЕ, 16.07.2018. /АМИТ «Ховар»/.  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати дар сатҳи баланд ва босифат гузаронидани маъракаи барӯйхатгирии умумии аҳолӣ, ки  соли  2020 дар  мамлакат  доир  мешавад, ҳамаҷониба омодагӣ мегирад. Дар ин робита ҳанӯз  27 феврали 2017  Қарори Раиси

Матни пурра
Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон 3 мактаби нав месозад

Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон 3 мактаби нав месозад

🕔10:00, 16.Июл 2018

ДУШАНБЕ, 16.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корпоратсияи «Power China»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин чанде қабл созишнома оид ба сохтмони 3 муассисаи таълимӣ дар шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид. Тавре аз Вазорати маориф ва

Матни пурра
Роҳбарияти Прокуратураи генералӣ, кумитаҳои бехатарии озуқаворӣ, рушди маҳал ва ҳифзи муҳити зист нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд

Роҳбарияти Прокуратураи генералӣ, кумитаҳои бехатарии озуқаворӣ, рушди маҳал ва ҳифзи муҳити зист нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд

🕔09:40, 16.Июл 2018

ДУШАНБЕ, 16.07.2018. /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 17 июли соли 2018  оид ба ҷамъбасти  фаъолият дар шаш моҳи аввали соли 2018 мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011 Прокуратураи генералӣ, Кумитаи бехатарии озуқаворӣ, Кумитаи рушди маҳал ва Кумитаи ҳифзи

Матни пурра
Франсия чемпиони дукаратаи ҷаҳон оид ба футбол гардид

Франсия чемпиони дукаратаи ҷаҳон оид ба футбол гардид

🕔09:10, 16.Июл 2018

ДУШАНБЕ, 16.07.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби Франсия дар бозии финалии Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол, ки шоми дирӯз дар варзишгоҳи «Лужники»-и Москваи Федератсияи Россия баргузор гардид, дастаи мунтахаби Хорватияро бо ҳисоби 4 бар 2 мағлуб кард. Голҳои мунтахаби Франсияро Марио

Матни пурра
МО БАДАХШОН МЕРАВЕМ! Ҷавонони фаъоли мамлакат барои иштирок дар Форуми ҷумҳуриявӣ ба Хоруғ сафар карданд

МО БАДАХШОН МЕРАВЕМ! Ҷавонони фаъоли мамлакат барои иштирок дар Форуми ҷумҳуриявӣ ба Хоруғ сафар карданд

🕔08:46, 16.Июл 2018

ДУШАНБЕ, 16.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз имрӯз то 20 июли соли равон дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Форуми ҷумҳуриявии ҷавонон таҳти унвони «Зиракии сиёсии ҷавонон – омили рушди амну суботи кишвар» баргузор мегардад. Хабарнигори АМИТ «Ховар» Шукӯҳи ДАЛЕР,

Матни пурра
Президенти ФФТ Рустами Эмомалӣ дар маросими пӯшидашавии Ҷоми ҷаҳон-2018 иштирок намуд

Президенти ФФТ Рустами Эмомалӣ дар маросими пӯшидашавии Ҷоми ҷаҳон-2018 иштирок намуд

🕔08:45, 16.Июл 2018

ДУШАНБЕ, 16.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо даъвати президенти ФИФА Ҷаннӣ Инфантино 15 июл дар маросими пӯшидашавии Ҷоми ҷаҳонии 2018 ва бозии ниҳоӣ миёни дастаҳои миллии Франсия ва Хорватия, ки дар варзишгоҳи Лужники дар шаҳри Москва

Матни пурра
БОНКИ МИЛЛӢ: дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон 1 доллари ИМА 9.4300 сомонӣ муқаррар шудааст

БОНКИ МИЛЛӢ: дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон 1 доллари ИМА 9.4300 сомонӣ муқаррар шудааст

🕔08:10, 16.Июл 2018

ДУШАНБЕ, 16.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар кардааст: 1 доллари ИМА —  9.4200 сомонӣ; 1 евро – 10.9715 сомонӣ; 1 рубли русӣ — 0.1512 сомониро ташкил медиҳад. Ҳамчунин

Матни пурра

ОЗМУНҲОИ ҶУМҲУРИЯВӢ

Июль 2018
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
« Июн   Авг »
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031  

Шарикони мо


———————————————————

———————————————————-

———————————————————-