ТАШКИЛОТИ УМУМИҶАҲОНИИ ТАНДУРУСТӢ: то соли 2035 фавти одамон аз бемории сил то 95% коҳиш дода мешавад

Март 27, 2019 17:02

ДУШАНБЕ, 27.03.2019 /АМИТ «Ховар»/.  Яке аз вазифаҳои муҳим дар самти тандурустӣ дар чаҳорчӯби Ҳадафҳои рушди устувор дар он ифода меёбад, ки то соли 2030 ба сирояти бемории сил хотима дода шавад. Дар робита ба ин Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ  пеши худ мақсад гузоштааст, ки то соли 2035 ба коҳиши шумораи фавти одамон аз бемории сил то 95% ва паст кардани сатҳи гирифторӣ ба ин беморӣ то 90% даст ёбад. Ин метавонад  сатҳи гирифторӣ ба ин бемориро миёни мардум коҳиш диҳад. Шарҳи хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда АНВАРӢ дар ин мавзӯъ.

Мубориза бар зидди бемории сил ҳамеша дар мадди назари давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Дар мамлакат дар ин самт пешравиҳои назаррас ба даст омадаанд, яъне динамикаи бемории сил тамоюли устувори коҳишёбӣ дорад.

Тавре коршиносон иброз медоранд, мубориза бо ин таҳдиди глобалӣ танҳо вазифаи як сохтори муайян нест. Дар ин самт ҳамаи мо вазифадорем, ки миёни ҷавонон ва муҳоҷирони меҳнатӣ, корҳои фаҳмондадиҳию пешгириро ба роҳ монем. Зеро сухан дар бораи нигоҳ доштани солимии ҷомеа, махсусан наврасону ҷавонон – насли ояндаи миллату давлат меравад ва ин омил ҳеҷ як фарди баномуси миллатро набояд бетафовут гузорад.

Хушбахтона, аз рӯи таҳлилҳои оморӣ, дар натиҷаи талошҳои дастаҷамъона хурӯҷи бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон давра ба давра паст мегардад. Ин  аз он шаҳодат медиҳад, ки дар мамлакат мубориза бо бемории сил пурзӯр мегардад, яъне пешгирию табобати он дар ҷумҳурӣ дуруст ба роҳ монда шудааст.

Аз Муассисаи давлатии «Маркази ҳимояи аҳолӣ аз бемориҳои сил» -и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз 3 барномаи ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар амал тадбиқ шудаанд.  Дар айни ҳол кормандони он аз рӯи «Нақшаи миллии стратегӣ оид ба ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил» барои солҳои 2015-2020 фаъолиятро ба роҳ монда, дар ин давраҳо ба натиҷаҳои назаррас ноил гаштаанд.

Бино ба маълумоти муовини директори Марказ Бобоҷон Пирмаҳмадзода, ҳоло дар муқоиса ба солҳои 2007-2008 фавт дар байни беморони сил ду баробар коҳиш ёфтааст. Гирифторшавии аҳолӣ ба бемории аввалияи сил соли 2018 тибқи ҳисоботи пешакӣ 56,2 ба 100 ҳазор аҳолӣ рост омадааст, ки ин нишондод дар муқоиса ба даҳ соли пешин (соли 2008 85 нишондод ба 100 ҳазор аҳолӣ) 25-27 нишондод коҳиш дода шудааст.

Гуфтан ба маврид аст, ки бемории сил дар ҷаҳон ҳамчун бемории сироятӣ маълум аст ва он тариқи ҳаво метавонад ба шахси дигар гузарад. Мутахассисон иброз медоранд, ки бемории сил табобатшаванда ва пешгиришаванда аст,  ба шарте, ки он сари вақт ташхис ва табобат карда шавад. Табобат ҳатман бояд  зери назорати кормандони тиб гузаронида шавад. Шахси гирифтори бемории сил дар сурати сари вақт муайян накардани беморӣ ва риоя накардани қоидаҳои табобату истеъмоли доруҳои пешгирикунанда метавонад аз 10 то 20 нафарро сироят кунад.

Ба нақли корманди Марказ Тоҷиддин Касиров, бемории  сил ду намуд- шушӣ ва ғайришушӣ мешавад. Намуди сили шушӣ маълум аст, ки шуш гирифтори бемории сил мешавад. Ба намуди ғайришушии сил метавонад устухон, бачадон, пӯст, рӯдаву ғадудҳои дохили шикам, ғадудҳои канорӣ, гардан, таги бағал ё канали қадкашак гирифтор шавад. Яъне намуди сили ғайришушӣ ба атрофиён сироят намекунад, танҳо ба саломатии худи бемор таҳдид мекунад.

Нафари гирифтори бемории сили шушӣ ҳангоми атсазанӣ, сулфидан ва суҳбат кардан чӯбчамикробҳои кохро ба муҳит пош медиҳад ва онро нафарони дигар нафас кашида, сироят меёбанд. Аз ҳама зиёд паҳншавии ин беморӣ бо роҳи нафасгирии ҳавои олуда сурат мегирад.  Дар ҳолати паст будани иммунитет ин чӯбчамикробҳо сабаби ҷойгиршавӣ дар бадани шахс мегарданд. Ба ҳамин хотир бемории сили шушӣ то 80% мушоҳида мешавад ва 20 %-и дигари онро бемории сили ғайришушӣ ташкил медиҳад.  Яъне бемории сили шушӣ хавфи зиёди сироят кардани атрофиёнро дорад, вале ҳарду намуди он табобатшаванда мебошанд. Танҳо дар сурати  сари вақт ба табибони силшинос муроҷиат кардану аз паи табобат шудан гирифторони ин беморӣ метавонанд хатари афзоиши онро кам намоянд.

Ба гуфтаи мутахассисони соҳа, сулфаи бардавом, балғампартоӣ, баландшавии ҳарорат дар қисмати дуюми рӯз ва пайдошавии дарди қафаси сина  аз нишонаҳои оғози бемории сил дар бадани инсон  дарак медиҳанд. Баъди мушоҳидаи чунин нишонаҳо шахс бояд  ҳатман  барои ташхис ба табиб муроҷиат намояд. Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муайян ва ташхису табобат тамоми шароит муҳайё шудааст. Дастгоҳҳои муосири тиббӣ имконият медиҳанд, ки ин беморӣ дар кӯтоҳтарин фурсат муайян  карда шавад.  Гирифторони чунин беморӣ то сиҳатёбӣ бо доруҳо таъмин шуда, табобаташон ройгон сурат мегирад.

Мутаассифона, тавре мутахассисон иброз медоранд, мушкилии ҷиддие, ки дар ин самт ҷой дорад-ин пинҳон доштани беморӣ аз ҷониби маризон мебошад. Ин омил метавонад сабаби афзоиши беморӣ гардад. Яъне пинҳон доштани беморӣ худ дардест, ки даво мехоҳад. Аксарият ҳангоми зоҳир шудани нишонаҳои аввалини он (сулфаи давомнокиаш зиёда аз 2 ҳафта, нафастангӣ, арақкунӣ, кам шудани иштиҳо, лоғаршавӣ, баландшавии тӯлонии ҳарорати бадан), бепарвоӣ зоҳир мекунанд. Ба хотири доғдор нашудан онро аз атрофиён пинҳон мекунанд ва ба худтабобат машғул мешаванд, ки ин оқибатҳои ногувор ба бор меорад.

Маҳмуд Кабирӣ, равоншиноси тоҷик мегӯяд, ки ҳар як беморӣ ба равони инсон таъсир мерасонад ва дигаргуниҳои равонӣ меорад. Ҳар як нафар дар ҳолати бемор шудан аксуламали равонӣ дорад. Яъне бемор нисбат ба беморӣ рафтор, пиндор, гуфтор ва андешаҳои ботинии худро дорад.

Ба андешаи номбурда, барои сиҳатшавии бемор дар баробари мутахассисони соҳа инчунин нақши равоншиносон низ калон аст. Дар тиб як илми  махсус ҳаст, ки он аксуламали равонии одамонро нисбат ба беморӣ меомӯзад. Инро равоншиносии тиббӣ мегӯянд ва  мутахассисоне, ки дар он кор мекунанд, онҳоро равоншиносони тиб ё психотерапевт мегӯянд. Атрофиён аз шахси гирифтори сил ҳазар карда, худро канор мекашанд, ки ин боиси пинҳон доштани беморӣ аз тарафи шахси мариз мегардад.

«Мо медонем, ки бемории сил ирсӣ нест ва он табобатшаванда аст. Дар ҳолати риоя кардани беҳдошти он, аз ҷумла ниқоб пӯшидан, бо маҳлули махсус шустани ашёе, ки бемор истифода мебарад, инчунин  дар вақташ истеъмол кардани доруҳои зиддисилӣ ин беморӣ ба атрофиён сироят намекунад. Ҳама гуна беморӣ ба равони шахс албатта, таъсир мегузорад, вале бемории сил аз ҳама бештар, чунки ин беморӣ дуру дароз табобат мешавад»,-илова кард ҳамсуҳбат.

М. Кабирӣ бар он назар аст, ки гирифторони бемории сил бо равоншинос бояд ҳатман ҳафтае як маротиба суҳбат кунанд. Баъди сиҳат ёфтан ҳам асаби гирифторони бемории сил бояд ба воситаи доруҳои равонӣ ором карда шавад.

Корманди Маркази ҳимояи аҳолӣ аз бемориҳои сил Қадриддин Пиров мегӯяд, ки феълан дар ҷумҳурӣ се роҳи пешгирии бемории сил мавҷуд аст. Якум- усули биологӣ,  дуюм- табобати пешгирикунанда ва сеюм-чораҳои маърифатӣ. Бо ҳамин усулҳо имрӯз дар мамлакат роҳҳои пешгирии бемории сил миёни кӯдакон ва калонсолон амалӣ карда мешаванд.

Усули якуми биологии пешгирии бемории сил-ин гузаронидани эми БСЖ ба кӯдакони навзод  (чунин эм имрӯз дар ҷумҳурӣ аз 93 то 97 %-ро фаро мегирад) аст, ки дар 3-5 рӯзагӣ гузаронида мешавад. Он то 7 солагӣ таъсир мекунад ва кӯдаконро аз гирифторшавӣ ба шаклҳои вазнини бемории сил пешгирӣ мекунад.

Усули дуюми пешгирии бемории сил байни кӯдакон-ин гузаронидани табобати химияпрофилактикии пешгирикунанда мебошад. Яъне пас аз инкор намудани бемории сил дар кӯдакони дар тамосбуда ба онҳо ба муддати то 6 моҳ бо доруҳо табобати пешгирикунанда мегузаронанд.

Сеюм-аз ҳама муҳим баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум аст, яъне дарёфт ва табобати саривақтии бемории сил яке аз усулҳои асосии пешгирии бемории сил мебошад. Танҳо ба воситаи баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ метавонем сари вақт афзоиши онро пешгирӣ кунем.

Аз ин рӯ, табибони силшинос аз шаҳрвандон даъват менамоянд, ки қаблан эҳтиёткор бошанд, баъдан дар сурати пайдоиши нишонаҳои ин беморӣ сари вақт ба табибон муроҷиат кунанд, то худу атрофиёнашонро аз ин маризӣ эмин нигоҳ доранд.

Мавриди зикр аст, ки имрӯзҳо бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, талошҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимои аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин саҳми шарикони рушд дар ҷумҳурӣ усулҳои тезташхискунандаи бемории сил муҳайё шудаанд. Дар айни замон дар тамоми муассисаҳои тиббӣ қариб 50 дастгоҳи муосир барои ташхису табобати саривақтии бемории сил дастрас ва насб карда шудаанд.

Март 27, 2019 17:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе масъалаи амалишавии гранти Хазинаи глобалӣ баррасӣ гардид
Барои интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда занону духтарони болаёқат ба забономӯзӣ ҷалб гардидаанд
Дар се моҳи соли 2024 дар ноҳияи Балҷувон 87 нафар ба нафақа баромаданд
«Сомон Эйр» дар масири Хуҷанд-Урумчӣ-Хуҷанд парвозҳои мустақим анҷом медиҳад
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ аз раъду барқ, жола ва шамолҳои бошиддат ҳушдор медиҳад
Муассисаҳои тиббии Тоҷикистон соҳиби дастгоҳҳои муосир гардиданд
Интиқоли ғайриқонунии беш аз 4 тонна гӯшти мурғ пешгирӣ карда шуд
«ДӮСТ ОЯД, ГАРМ ДАР ОҒӮШ ГИР!». Ҷавонони фаъоли Тоҷикистон меҳмони ноҳияи Рӯдакӣ шуданд
Ғолибони даври ҷумҳуриявии озмуни «Сайри гули лола» муайян шуданд
МОҲВОРАИ ҶАВОНОН. Вазъи фаъолияти шуъбаву бахшҳои кор бо ҷавонони муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбӣ баррасӣ шуд
Дар шаш минтақаи Тоҷикистон сел ба амал омад
«ОИЛАИ НАМУНАВӢ». Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ин озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор гардид