Кумитаи рушди сайёҳӣ: Оммавӣ шудани саёҳатҳои дохилӣ беҳтарин василаи баланд бардоштани эҳсоси худшиносӣ ва дӯст доштани Ватан аст

Май 31, 2019 08:30

ДУШАНБЕ, 31.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ва дар заминаи татбиқи ҳадафҳои Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ҳамкорӣ бо ширкати сайёҳии «Ориент Адвентур» саёҳати навбатии як гурӯҳ муҳассилини макотиби таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба шаҳри Норак сурат гирифт.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар доданд, саёҳати мазкур дар доираи лоиҳаи муштараки Кумита ва МД «Телевизиони Баҳористон» ҷиҳати оммавӣ гардонидани саёҳати дохилӣ ва ба ин васила баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ миёни кӯдакону наврасон роҳандозӣ гардидааст.

Иштирокдорони саёҳат аз мавзеъҳои назаррабои шаҳри Норак, аз ҷумла боғҳои «Парчам», «Нишон», муҷассамаи Исмоили Сомонӣ дар майдони марказии шаҳр, осорхонаи шаҳрӣ, НБО «Норак», осоишгоҳи «Чашма» ва дигар мавзеъҳои сайёҳии экологӣ дидан намуда, аз сатҳи хизматрасонии роҳбаладон дар ин минтақа баҳравар гардида, таассуроти нек бардоштанд.

Саёҳати кӯдакону наврасон тавассути барномаи алоҳидаи телевизионӣ аз ҷониби шабакаи телевизионии «Баҳористон» сабт ва намоиш дода мешавад.

Қобили зикр аст, ки чанде пеш дар доираи лоиҳаи мазкур саёҳати наврасону кӯдакон аз мавзеи таърихии Қалъаи Ҳисор ба роҳ монда шуда буд. Минбаъд тибқи лоиҳаи муштарак саёҳати гурӯҳи наврасону кӯдакон ба минтақаҳои гуногуни сайёҳии Тоҷикистон ташкил ва роҳандозӣ карда мешавад.

Мавриди зикр аст, ки мавқеи ҷуғрофии шаҳри Норак, фазои мусоиди экологӣ ва чашмаҳои гуногуни шифобахши манотиқи гирду атрофи он барои рушди сайёҳии экологӣ ва курортиву санаторӣ иқтидорӣ воқеӣ дорад.

Имрўз инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ дар шаҳри Норак дар ҳолати хуб қарор дорад ва бунёди истироҳатгоҳҳу марказҳои нави хизматрасонӣ барои ҷалби бештари сайёҳон ба шаҳри Норак заминаи мусоид мегузорад.

Бояд тазаккур аст, ки бо мақсади муаррифии ҳарчӣ бештари имкониятҳои сайёҳии шаҳри Норак 30 ва 31 августи соли 2018 бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳӣ форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ таҳти унвони «Тоҷикистон-сарзамини сайёҳӣ» бо ҷалби ширкатҳои сайёҳии ватанию хориҷӣ доир гардид.

Дар натиҷаи гуфтушунидҳо, миёни ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва ширкатҳои сайёҳии Ҷумҳурии Корея, Австрия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Қазоқистон, Ўзбекистон, Британияи Кабир ва Давлати Кувайт 32 санади ҳамкорӣ ба имзо расонида шуданд, ки аз амалӣ гардидани ҳадафи аслии чорабинии мазкур шаҳодат медиҳад.

Май 31, 2019 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Вобаста ба рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ҷаласаи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
«РОҲГАРДИИ СКАНДИНАВӢ». Дар Тоҷикистон мусобиқаи варзишии сайёҳӣ аз ин намуд баргузор мегардад
«ҲАФТКӮЛ». Ҷоиз аст, ки ин мавзеи зебои Тоҷикистон ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО пешниҳод гардад
Пажуҳишгоҳи амрикоии «Gallup» Тоҷикистонро аз лиҳози амнияту субот дар ҷойи сеюм қарор дод
Дар Эрон Форуми сайёҳии Тоҷикистон ва Эрон баргузор гардид
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии технологии Беларус ҳамкориро густариш медиҳанд
Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ: «Тоҷикистон аз ҳисоби афзоиши теъдоди ҷаҳонгардон ба мамлакат дар зинаи сеюм қарор гирифт»
Намояндагони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар Пекин дар ҳамоиш доир ба масоили «Иқтисоди сабз» иштирок намуданд
Ҳайати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ дар конфронси байналмилалӣ дар Чин иштирок намуд
«Таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ барои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва бедор кардани эҳсоси ҳифзи марзу бум нақши муассир дорад», — бардошт аз ҳамоиш дар Кумитаи рушди сайёҳӣ
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Чиндао Бинҳайи Чин Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Дар Душанбе ҷаласаи даҳуми Шурои ҳамоҳангсози миллӣ оид ба рушди соҳаи сайёҳӣ баргузор гардид