Муовини Сарвазир Маҳмадтоир Зокирзода дар шаҳри Турсунзода бо кормандони соҳаи кишоварзӣ мулоқот доир намуд

Июль 29, 2019 13:51

ТУРСУНЗОДА, 29.07.2019 /АМИТ «Ховар»/.  Дар маҷлисгоҳи     мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода вохӯрии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо роҳбарияти Раёсати кишоварзӣ,  раисони ҷамоатҳои деҳот, хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ оид ба иҷрои нақшаҳои  кишт, гузаронидани корҳои агротехникӣ ва истифодаи самараноки заминҳои корам баргузор гардид.  Дар ин бора аз шуъбаи иттилоотии раиси шаҳри Турсунзода ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Дар мулоқоти мазкур раисони ҷамоатҳои деҳоти ҳудуди шаҳр вобаста ба маҷмӯи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва Раёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода  оид ба вазъи соҳаи кишоварзии шаҳр дар  шашмоҳаи якуми соли равон маълумот доданд.

Муовини Сарвазири мамлакат ҳисоботи масъулинро мавриди таҳлил қарор дода, иброз дошт, ки иҷрои дурнамои соҳаи кишоварзӣ дар баробари хоҷагидорон аз фаъолияти ҷамоатҳои деҳот низ  вобастагӣ  дорад. Аз ин рӯ масъулинро мебояд дар маҳал корро ҷоннок намоянд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ Маҳмадтоир Зокирзода зикр намуд, ки дар баробари шаҳри саноатӣ будан, шаҳри Турсунзода бо кишоварзони соҳибтаҷриба ва заминҳои ҳосилхез шинохта шудааст. Аз ин лиҳоз, кишоварзони шаҳрро мебояд дастуру супоришҳои Президенти мамлакатро сари вақт иҷро намуда, аз обу замин самаранок истифода бурда, ҷиҳати расидан ба ҳадафи сеюми мамлакат-таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми муносиб гузоранд.

Барои иҷрои дурнамои кишт, ба даст овардани ҳосили баланд, бунёди боғу токзор, гирифтани ду-се ҳосил аз заминҳо, бунёди гармхонаву сардхонаҳо дар шаҳри Турсунзода тамоми шароит муҳайё аст. Кишоварзон  барои иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати мамлакат тадбирҳои амалӣ андешида, ҷиҳати таъмини аҳолӣ ва содироти маҳсулоти баландсифат  аз тамоми имкониятҳо самаранок истифода мебаранд.

Июль 29, 2019 13:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар доираи Форуми маъданҳои муҳими Тоҷикистону Корея дар Сеул ҳайатҳои ду давлат вохӯрӣ анҷом доданд
Дар Хатлон ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ ба беш аз 17,1 миллиард сомонӣ расонида шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ноҳияи Вахш ба хориҷи Тоҷикистон маҳсулоти кишоварзӣ содирот менамояд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ зеристгоҳи нави барқии 110/35/10 кВ ба истифода дода мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Хатлон маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ ба 19,9 миллиард сомонӣ баробар шуд
Вазирони оби кишварҳои Осиёи Марказӣ масъалаҳои идоракунии захираҳои обиро баррасӣ намуданд
Хадамоти алоқа: «Аз харидорӣ, насб ва истифодаи худсаронаи репитерҳои ғайристандартӣ ва бе танзими касбӣ худдорӣ намоед»
Байни Душанбе ва Минск парвозҳои мустақими ҳавоӣ оғоз мегарданд
Тоҷикистон лоиҳаи «Харитаи роҳ»-ро оид ба татбиқи Стратегияи рақамикунонии долонҳои асосии нақлиётии мултимодалии ИДМ муаррифӣ намуд
Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов парвариши пахта ва ҷамъоварии ҳосили пиёз идома дорад
ИМРӮЗ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ СОХТМОН. Меъмории миллӣ ба ташаккули симои нави шаҳрҳо ва муҳити зисти муносиб мусоидат менамояд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 149,6 миллион сомонӣ расид