«МИЧУРИНИ ТОҶИК». Ин боғбони асил дар беш аз 300 гектар замин дар ноҳияи Рашт «Боғи миллии себ» бунёд карданист!

Сентябрь 13, 2019 08:33

ДУШАНБЕ, 13.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. Ходими илмии Институти боғдорӣ ва сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии «Рушноӣ» Мирзошоҳ Акобиров, ки мардуми водии Рашт  ӯро «Мичурини тоҷик» ном мебаранд, бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт ният  дорад дар қисми шимолии деҳа, дар майдони беш аз 300 гектар  «Боғи миллии себ» ташкил намояд.

Чанде пеш экспедитсияи муштараки илмии  олимони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба омўзиши шароити табиӣ ва иқлимӣ, сохти геологӣ, ҳолати сейсмикӣ, олами набототу ҳайвонот, захираҳои обӣ ва вазъи радиатсионии мавзеи дараи Камароб ва дигар мавзеъҳои ноҳияи Рашт  ба роҳ андохта шуд.  Олимони тоҷик ба хулосае омаданд, ки таъсиси Боғи ботаникии деҳаи Ҷафр яке аз дастовардҳои нодири илмӣ дар нигоҳдории навъҳои маҳаллии дарахтони мевадиҳанда, ғалладонагиҳо, лӯбиёгиҳо, зироати хўроки чорво, гиёҳҳои шифоӣ ба шумор рафта, дар оянда он метавонад ҳамчун махзани боэътимоди захираҳои генетикии мамлакат дар корҳои селексионӣ ва амалӣ истифода гардад.

Ба ҳайати экспедитсияи илмии Академия илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  роҳбарияти академия, директорони институтҳо ва гурӯҳи олимон шомил буданд. Дар натиҷаи гузаронидани ин экспедитсияи илмӣ олимон маводи пурарзиши илмӣ  ҷамъ оварданд. Натиҷаҳои бадастомада имконият медиҳанд, ки  маълумоти муфассал оид ба Дараи Камароб ва Боғи ботаникии деҳаи Ҷафр, инчунин оид ба захираҳои генетикии водии Рашт таҳия гардад.

Тавре олимони Академияи илмҳо иброз намуданд,  захираи заминҳои корам дар талу теппаҳои Дараи Камароб, обҳои зулоли чашмасорон, захираҳои нодири генетикии Боғи ботаникии деҳаи Ҷафр, боду ҳавои форами ноҳияи Рашт имкониятҳои васеи кишоварзиро доро буда,   хирмангоҳи пурфайзи як қисмати  кишвари биҳиштосо -Тоҷикистонро ташкил медиҳанд.

Як гурўҳи олимон-Абдусаттор Саидов, Қурбоналӣ Партоев ва Шоиста Мубалиева, ки дар ҳайати  экспедитсияи илмии Академия илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  шомил буданд, гуногунии биологии мавзеи Ҷафрро мавриди омўзиш қарор доданд.

Тавре мудири озмоишгоҳи генетика ва селексияи растаниҳои Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои кишоварзӣ, профессор, узви вобастаи Академияи илмҳои табиатшиносии Федератсияи Россия Қурбоналӣ Партоев ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд, ин деҳа бо гуногунии навъу намудҳои чормағзҳо, чашмаҳои сершумору сероб ва табиати хурраму дилкушояш аз дигар деҳаҳои ноҳия фарқ менамояд. Деҳаи Ҷафр дар соҳили рости дарёи Сурхоб, дар паҳлуи шоҳроҳи Душанбе – Лахш, дар масофаи 18 км аз маркази ноҳия- шаҳраки Ғарм, дар қисми шарқии ноҳияи Рашт ҷойгир шудааст.  Иқлим, боду ҳаво ва релйефи  чуғрофии  деҳа шароити хуб барои афзоиш ёфтани тамоми навъҳои дарахтони мевадиҳанда, ғалладонагиҳо, картошка, сабзавот, зироати хўроки чорво ва ғайраҳоро доро мебошад.

«Дар ин деҳа мо бо олим-агроном, боғпарвари номии водии Рашт, ходими илмии Институти боғдорӣ ва сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Мирзошоҳ Акобиров вохўрдем, ки пештар дар борааш бисёр шунида будем. Дар водии Рашт ҳама ӯро «Мичурини тоҷик» меноманд. Воқеан ҳам Мирзошоҳ Акобиров ба Иван Мичурин зоҳиран монанд аст. Аммо баъди шиносоӣ бо ӯ ва фаъолияташ фаҳмидем, ки Мичурини рязанӣ бо «Мичурин»-и  раштӣ ботинан, аз рӯи нияту маром ва касбу пеша низ хеле наздиканд», — иброз дошт Партоев.

                     ДАР АКСҲО: Иван  Мичурини рязанӣ  ва Мирзошоҳ Акобирови раштӣ.

«Сараввал  Мирзошоҳ моро бо гулбоғ ё доирабоғе, ки ду сол қабл дар нишебии кўҳ, дар майдони як гектар бунёд кардааст, шинос намуд. Мақсади асосии таъсис додани чунин гулбоғ он аст, ки дар он навъҳои гуногуни дарахтони мевадиҳанда, аз қабили чормағз, себ, нок, олу, шафтолу, гелос ва ғайраҳо бо навбат дар масофаи муайян шинонда шудаанд ва  бояд бо усули қатрагӣ обёрӣ гарданд. Дар оянда дар асоси ин таҷрибаи нодири андўхтаи илмӣ васеъ намудани зинабоғҳои интенсивӣ дар талу теппаи мамлакат дар назар мебошад»,-гуфт  Қурбоналӣ Партоев.

“Тавре дар сурат дида мешавад, -нақл кард ӯ, — барои намии назди дарахтонро нигоҳ доштан коҳу майдарезаи зироати ҷавро дар назди танаи дарахтон  рехта, хоки  бехи   ниҳолҳоро мулча намудаанд. Дар гирдогирди  боғ, ки  бо симтӯр иҳота гаштааст, ниҳолҳои хӯч шинонида шудаанд, ки дар оянда метавонанд ҳамчун девори сабз боғро  муҳофизат намоянд.

Ба андешаи олим Партоев, чунин тарзи нави боғро дар нишебии кӯҳ бунёд намудан ин як намуди нави инноватсионӣ дар соҳаи боғдорӣ ба шумор рафта, паҳн намудани ин таҷрибаи илмӣ дар оянда ба рушди соҳа кумаки калон расонида метавонад.

Ҳамсуҳбати мо  зикр кард, ки М.Акобиров дар боғи ботаникии таъсисдодааш инчунин беш аз 20 навъи зироати ғалладонагиҳо, лӯбиёгиҳо, растаниҳои равғандеҳ, хӯроки чорво ва ғайраҳоро кишт намуда, омўзиши онҳоро зери назорат қарор додааст. Ба киштзори намунаҳои коллексионии зироат мактаббачагон, мутахассисон, олимон ва сайёҳону меҳмонони зиёд ташриф оварда, дастовардҳои илмиро дар ин деҳаи дурдаст мебинанд ва меомўзанд.

ДАР АКС: мактаббачагон – дар меҳмонии боғпарвари номӣ Мирзошоҳ Акобиров. Акс аз бойгонӣ.

Махсусан, таҷрибаи ин мутахассиси варзида дар ҷодаи аз донакҳо сабзонидани дарахтони мевадиҳанда ва дар онҳо пайванд намудани навъҳои гуногуни дарахтони мевадиҳанда хеле қобили таваҷҷуҳ  мебошад. Ў дар натиҷаи дуруст ба роҳ мондани технологияи интихобу истифодаи тагпайванд ва пайвандшаванда дар танаи як дарахти себ то 16 навъи себҳои  дигарро пайванд намудааст. Инчунин вай дар як танаи дарахтони ноку зардолу даҳҳо навъҳои дигарро пайванд намудааст ва мегўяд, ки бо чунин усули пайвандзанӣ метавон раванди мевабандии дарахтони себро ба танзим дароварда, ҳосили дилхоҳ ба даст овард.

Аз тарафи дигар, дар танаи як дарахт пайванд намудани якчанд навъҳои дигари себ, нок ё зардолу  метавонад ба бордоршавии гулҳои онҳо таъсири мусбат расонида, ҳосили дарахтон низ дар ин сурат хеле афзоиш ёбанд.

«Чизи дигаре, ки диққати моро ба худ сахт ҷалб намуд- ин таҷрибаи истифода намудани кишти растании топинамбур дар нишебӣ ва онро барои пешгирии эрозияи хок ва нигоҳ доштани намӣ барои дигар зироат буд. Дар деҳаи Ҷафр, дар як қисми боғи ботаникии М. Акобиров ниҳолхонаи махсус барои афзоиш додани навъҳои маҳаллии себ, нок, муруд, тут, ангур, чормағз, зардолу, шафтолу ва ғайраҳо бунёд карда шудааст, ки аз он ҳар сол  ба боғдорони водии Рашт ва ҷумҳурӣ бештар аз се ҳазор дона ниҳолҳои пайвандии навъҳои маҳаллии дарахтон бо нархи арзон фурўхта мешаванд ва бо ин восита нигоҳдории агробиологии маҳаллӣ тақвият меёбад. Дар боғи ботаникии деҳаи Ҷафр инчунин гиёҳҳои табобатӣ низ парвариш ёфта, дар водӣ аз тарафи табибони халқӣ истифода мегарданд»,-илова намуд ӯ.

Ба нақли номбурда, дар ин деҳа дарахтони калонҷуссаи чормағз, тут, себ ва ғайраҳо хеле бисёранд. Махсусан, дар баландии 1500 метр аз сатҳи баҳр дарахти муруди калонсоле мерўяд, ки баландии танааш ба беш аз 30 метр ва ғафсии танааш ба 5,2 метр мерасад.

Ба гуфти кўҳансолони деҳа, ин дарахти муруд тахминан бештар аз  320 сол умр дорад. Ҳосили ин дарахт ҳар сол ба бештар аз 400 кг  баробар мегардад. Растаниҳои аз тухм сабзида, аз ин дарахт тагпайванди беҳтарин барои нок, себи биҳӣ, мурудҳои маҳаллӣ ва дигар дарахтони тухмакдору донакдор ба шумор мераванд.

Мардуми деҳа ин дарахтро муруди Аброр мегўянд. Дар макони сабзиши ин дарахти ягона инчунин як чашмаи обаш хеле мусаффо, дар тобистон хунуку дар замистон гарм ҷорист, ки онро низ мардум чашмаи Аброр меноманд. Шояд дар кадом асру замоне марде бо номи Аброр дар ин гӯшаи кўҳистон умр бурда, ин дарахту чашмаро соҳибӣ карда бошад…

М.Акобиров гирди ин дарахти нодири ягонаи муруди Аброрро бо симхор пўшонидааст ва мардуму насли ҷавонро барои ҳимояи ин дарахти бобоӣ ҳидоят менамояд. Дар боғи коллексиониаш онро афзоиш дода, миқдорашро дар водӣ паҳн намудааст. Барои аз байн нарафтани ин дарахти ягона боғдори таҷрибанок, ки худ падари шаш фарзанд мебошад, мегўяд, ки «парвариши ниҳоли дарахтони мевадиҳанда ва сояафкан ҳам ба мисли фарзандро дўст доштану тарбия намудан, ғамхорӣ ва меҳрубонӣ намуданро ба навниҳолону дарахтон тақозо менамояд».

Агроном-олими шинохтаи водии Рашт ба нигоҳубин намудани оилаҳои занбӯр низ диққати хосса зоҳир намуда, аз ин кор низ дар боғи ботаникиаш маҳсулоти зарурии истеъмолӣ ба даст меорад.

Боғбони асил Мирзошоҳ Акобиров хастагияшро гоҳ-гоҳ бо замзамаи таронаҳои мардумӣ рафъ мекунад

Ӯ инчунин ҳунари волои хондани таронаҳои  халқиро дар ҷавониаш дар қалбу афкораш сайқал дода, гоҳ-гоҳ ба ин кор машғул мешавад. Махсусан, ў таронаи  машҳури Ҳофизи халқии Тоҷикистон Акашариф Ҷӯраев «Аз Дараи Камароб, анора овардем»-ро хеле устокорона ва пайгирона мехонад.

«Боғпарвари номии водии Рашт тавонистааст, ки аз саросари водӣ ва берун аз он дар боғи ботаникиаш беш аз 64 навъи маҳаллии себ, 36 навъи нок, 24 навъи зардолу, 15 навъи ангур, 10 навъи тут, 60 намунаҳои маҳаллии чормағз, инчунин даҳҳо навъҳои растаниҳои яксола, гиёҳҳои шифоӣ ва хўроки чорворо нигоҳ дошта, онҳоро ҳамчун захираи боэътимоди генетикӣ то имрўз нигоҳ карда, афзоиш диҳад»,-гуфт Қ. Партоев.

Дар як қисми боғи ботаникиаш вай бинои замонавӣ сохта, дар он маркази омўзиши ҳунарҳои мардумӣ барои бонувонро ташкил намудааст. Дар он ҳоло беш аз 20 духтари ҷавони деҳа ба касбомўзӣ машғул ҳастанд. Ҳоло сохтмони хона-музей, ки аз се ошёна иборат аст ва дар он ҷойи пухту паз, осорхонаи мардумӣ ва маҷлисгоҳ барои гузаронидани маҷлису конфронсҳои илмӣ пешбинӣ шудааст, дар арафаи анҷом қарор дорад.

Мавҷуда АНВАРӢ,
АМИТ «Ховар»

Сентябрь 13, 2019 08:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Тавассути нақлиёти автомобилӣ қариб 24,5 миллион тонна бор ва 232,6 миллион нафар мусофир интиқол дода шуд
Дар Душанбе вохӯрии минтақавии ниҳодҳои пешбарандаи содироти мамлакатҳои Осиёи Марказӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон бо раиси Бонки миллии Швейтсария роҳҳои тақвияти ҳамкориро баррасӣ намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар мулоқот бо намояндагони Хазинаи Байналмилалии Асъор масъалаҳои марбут ба низоми бонкиро баррасӣ намуд
Саҳми Бонки ҷаҳонӣ дар татбиқи ислоҳоти сохтории иқтисодиёти Тоҷикистон назаррас арзёбӣ гардид
Намоишгоҳи молу маҳсулоти корхонаҳои саноатии Узбекистон дар маркази ЭКСПО-и шаҳри Душанбе то 21 апрел идома меёбад
Дар қаламрави Тоҷикистону Узбекистон қариб 400 корхонаи муштарак фаъолият менамояд
Дар вилояти Хатлон татбиқи 368 лоиҳа ба маблағи 8,5 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Вазири кишоварзии Узбекистон дар шаҳри Ҳисор бо фаъолияти корхонаи «Агротехсервис» шинос гардид
«Гардиши мол байни ду давлат дар ояндаи наздик ба 1 миллиард доллари амрикоӣ расонида мешавад», — бардошт аз Форуми соҳибкорию сармоягузории Тоҷикистон ва Узбекистон
Ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарияти IFC роҳҳои тавсеаи ҳамкориро баррасӣ намуд
Дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи муштараки роҳбарикунанда оид ба муаррифии ҳисоботи СММ баргузор шуд