ФУТБОЛ: дастаи «Регар-ТадАЗ» соҳиби медалҳои биринҷии Чемпионати Тоҷикистон гардид
ДУШАНБЕ, 05.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Бозиҳои Чемпионати 28-уми Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ 4 ноябр дар варзишгоҳҳои мамлакат хеле ҷолиб баргузор шуданд. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Тибқи иттилои манбаъ, дар даври ниҳоӣ дастаи футболи «Регар-ТадАЗ» бо дастаи «Хатлон» мусовӣ (0:0) бозӣ карда, медалҳои биринҷии чемпионати имсоларо ба даст овард.
Ёдовар мешавем, медалҳои тилло насиби дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе, медалҳои нуқра насиби дастаи «Хуҷанд»-и Хуҷанд гардиданд. Дар асоси низомномаи чемпионат дастаи футболи «Панҷшер», ки ҷои охирро ишғол кард, Лигаи олиро тарк мекунад. Дастаи ҷои ҳафтуми чемпионат – «Хатлон» барои мондан дар Лигаи олӣ бо барандаи медали нуқраи Лигаи аввал бозии гузаришӣ анҷом медиҳад.
Мисли соли гузашта ҳамлагари дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе Шериддин Бобоев беҳтарин нишонзан шуд. Имсол ӯ ба дарвозаи ҳарифон 16 тӯб ворид кард. Дар даври ниҳоӣ дастаҳои футболи КМВА «Помир» ба «Истиқлол» бо ҳисоби 3:2, «Истаравшан» ба дастаи футболи «Хуҷанд» бо ҳисоби 1:0 ва дастаи «Куктош» ба дастаи «Панҷшер» бо ҳисоби 5:3 ғалаба карданд.








Намояндагони Федератсияи футболи Тоҷикистон дар семинар барои комиссарони нави бозиҳои CAFA иштирок карданд
ФУТБОЛ. Пагоҳ бозиҳои даври 13-уми Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ оғоз мегардад
Варзишгари ҷавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини юнону румӣ соҳиби медали нуқра гардид
Варзишгарони тоҷик ба хазинаи варзишии Тоҷикистон 278 медал ворид намуданд
Варзишгари Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалии теннис соҳиби ду медали тилло шуд
Дар шаш моҳи соли 2026 варзишгарони вилояти Хатлон беш аз 1000 медал ба даст оварданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Данғара мусобиқаи гӯштини миллӣ баргузор гардид
Соли 2027 дар Душанбе Чемпионати Осиё оид ба акробатикаи варзишӣ баргузор мешавад
Дар Мусобиқаи байналмилалии «Lausanne Grand Slam-2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон 14 нафар иштирок менамояд
Душанбе мизбони ҷаласаҳои Федератсияи ҷаҳонии гимнастика гардид
Ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон дар доираи Ёддошти тафоҳум густариш меёбад
Дастаи духтаронаи Тоҷикистон (U-17) дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 бо Кореяи Ҷанубӣ, Урдун ва АМА ҳамгурӯҳ гардид






