КӢ БА «ҚУЛЛАИ ШАРАФ» БАРОМАД? Дар Душанбе Озмуни ҷумҳуриявии «Бренди сол-2019» ҷамъбаст шуд

Декабрь 19, 2019 14:40

ДУШАНБЕ, 19.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. «Қуллаи шараф»-таҳти ин унвон 18 декабр дар Душанбе Озмуни ҷумҳуриявии «Бренди сол-2019» ҷамъбаст гардид. Ғолибонро Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло ҲИКМАТУЛЛОЗОДА шодбош гуфт.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда АНВАРӢ гузориш медиҳад.

Тавре аз Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон  хабар доданд, озмун бори сеюм аст, ки бо ташаббуси Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо мақсади ташвиқ ва тарғиби соҳаи ҳифзи ҳуқуқии тамғаҳои молӣ ва тамғаҳои хизматрасонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, муайян ва пешниҳод намудани намунаҳои идоракунии боэътимоди брендҳо ва ҳавасмандгардонии ширкатҳо барои истифодаи брендинг гузаронида мешавад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушди бахши хусусӣ, рушди тиҷорат ва брендинг дар Тоҷикистон пайваста тадбирҳои зарурӣ меандешанд.

Тибқи тартиб ва қоидаҳои баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Бренди сол-2019» нақшаи чорабиниҳо ва ҳайати ҳакамони озмун аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳо, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва бахши хусусӣ вобаста ба гузаронидани он тасдиқ карда шуд.

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо ба Озмуни ҷумҳуриявии «Бренди сол-2019» аз 25 сентябр оғоз гардида, 30 ноябри соли 2019 ба итмом расид.

Аризаҳои пешниҳодшуда мутобиқи қоидаҳои зикршуда ба 13 номинатсия ва 47 зерноминатсия ҷудо карда шуда, ба ҳакамони озмун барои баҳогузорӣ аз ҷониби Кумитаи тадорукот пешниҳод карда шуданд.

Мутобиқи баҳодиҳӣ ва қарори ҳакамон дар Озмуни ҷумҳуриявии “Бренди сол-2019”  ширкатҳо ва бахшҳои соҳибкорӣ бо 1 адад ҷоизаи махсуси Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ (СУМЗ), 40 адад ҷоизаи тиллоӣ, 12 адад ҷоизаи нуқрагин, 14 адад ҷоизаи биринҷӣ ва 18 нафар бо дипломи иштирокчии Озмун сарфароз гардонида шуданд.

Ба иттилои манбаъ, Корхонаи истеҳсоли обҳои ташнагишикани «Сиёма»  бо ҷоизаи махсуси Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ сарфароз гардид.

Ҳамчунин як зумра ширкату корхонаҳои ватанӣ, аз ҷумла ҶДММ «Кока-Кола- нӯшокиҳои Тоҷикистон» зери бренди «КОКА-КОЛА», ҶДММ «Гулшан-2010» зери бренди «Пепсӣ», ҶСК «Фабрикаи қаннодии Ширин» зери бренди «Ширин», ҶДММ «555 МПК» зери бренди «555»; ҶДММ «Амирӣ» зери бренди «Амирӣ», ҶДММ «ЛВЗ Шоҳона» зери бренди «Шоҳона», ҶДММ «Покиза-М» зери бренди «Покиза», ҶДММ «Азизӣ» зери бренди «Азизӣ», ҶСП «Комбинати шири Душанбе»» зери бренди «Шири Душанбе», Фабрикаи шири «Саодат» зери бренди «Саодат» ва дигар ширкату ҷамъиятҳо бо ҷоизаҳо қадрдонӣ шуданд.

Зикр шуд, ки назар ба солҳои гузашта имсол сафи иштироккунандагон дар озмун афзудааст.

Ҳадафи асосии баргузор намудани озмуни мазкур, пеш аз ҳама, дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии ширкатҳо оид ба истифода ва пешбурди бренд дар фаъолияти худ мебошад.  Пешбурди бренд барои соҳибкории хурду миёна ва ширкатҳо имконият медиҳад, ки фаъолияти тиҷоратии худро боз ҳам равнақ дода, дар ин замина барои рушди иқтисоди мамлакат тавассути рақобатпазир намудани молу маҳсулоти истеҳсолкарда дар бозори дохилӣ ва  ҷаҳонӣ ҳиссагузор бошанд.

Иштирок ва ғолибият дар ин озмун сабаби беҳтар намудани обрӯи ширкатҳо, ба даст овардани маъруфият, эътироф  миёни истеъмолкунандагон ва рақибон дар ҷумҳурӣ шуда метавонад.

Декабрь 19, 2019 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бонки миллии Тоҷикистон тағйироти охирин дар Стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ баррасӣ гардид
«Somon Air» ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 дастрас менамояд
Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе оғоз гардид
Намояндагони Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалӣ иштирок намуданд
Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов нақшаи кишти чигит зиёда аз 86 фоиз иҷро гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо нашъунамои чигити зери плёнка дар хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Ёвон шинос шуд
Душанбе моҳи август мизбони «Food industry Forum of Tajikistan-2026» мегардад
Намояндагони Тоҷикистон дар Форуми умумиҷаҳонии шаҳрҳо дар Боку иштирок намуданд
Ҳаҷми умумии ҳамлу нақл байни Тоҷикистон ва Қазоқистон 5,8 фоиз афзудааст
ТАВАҶҶУҲ! Интиқоли одии маблағ байни аъзои оила, дӯстон, наздикон ва дигар шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои электронӣ андозбандӣ намегардад!
Дар ҶДММ «Саноати Ашт» хатҳои нави истеҳсолӣ васлу насб гардиданд
СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАНОНИ ХОҶАГИДОР. Дар Тоҷикистон беш аз 52 ҳазор хоҷагии деҳқониро занон роҳбарӣ менамоянд